БИЗНЕС-КЛУБАМА: дар сурати норасоии доллар ба юани чинӣ муомила...

АМА: дар сурати норасоии доллар ба юани чинӣ муомила мекунем!

-

Мақомоти Аморати Муттаҳидаи Араб бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи имкони дастрасӣ ба пуштибонии молиявӣ дар сурати тӯлонӣ шудани муноқиша дар Ховари Миёна гуфтугӯ оғоз кардаанд. Дар ин бораи  The Wall Street Journal хабар медиҳад.

Ба иттилои рӯзнома, намояндагони АМА дар ҷараёни гуфтушунид таъкид кардаанд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани норасоии доллар, кишвар метавонад маҷбур шавад барои фурӯши нафт ва анҷоми амалиёти дигар аз юани чинӣ ё асъори дигар давлатҳо истифода барад.

Ба гуфтаи манобеи амрикоӣ, роҳбари Бонки марказии АМА Халид Муҳаммад Балама ин масъаларо дар мулоқот бо вазири хазинадории ИМА Скотт Бессент ва намояндагони Захираҳои федералӣ дар Вашингтон матраҳ кардааст.

Яке аз пешниҳодҳо таъсиси хатти мубодилаи асъор мебошад, ки имкон медиҳад АМА дар ҳолати зарурӣ ба доллари амрикоӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Мақомоти аморат таъкид кардаанд, ки то ҳол тавонистаанд аз таъсири сахти иқтисодии низоъ канорагирӣ намоянд, аммо дар сурати тӯлонӣ шудани буҳрон, эҳтиёҷ ба «нафаси молиявӣ» (дастгирии изтирорӣ) метавонад ба миён ояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...
spot_imgspot_img

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад