ОЛАМИ МАҶОЗӢИттиҳоди Аврупо стратегияи мубориза бо хабарҳои дурӯғро тағйир медиҳад

Иттиҳоди Аврупо стратегияи мубориза бо хабарҳои дурӯғро тағйир медиҳад

-

Равиши нави кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бо хабарҳои дурӯғ аз ҷониби Русия ин санҷиши далелҳо (fact-checking) ва боло бурдани саводи расонаии аҳолӣ унвон мешавад. Дар ин бора dw бо истинод ба рӯзномаи фаронсавии Le Monde хабар медиҳад.

Самти нави сиёсати Иттиҳоди Аврупо асоси фаъолияти Маркази аврупоии устувории демократӣ гардид, ки дар охири моҳи феврал ифтитоҳ шуда, ҳамоҳангсозии вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро ба ҳамлаҳои иттилоотӣ аз ҷониби Русия ва дигар режимиҳои худкома ба уҳда мегирад.

Ба унвони намуна Финляндия интихоб шудааст, ки дар макотиби ин кишвар саводи расонаӣ омӯзонда мешавад. Ин кишвар, ба навиштаи нашрия, сатҳи баландтарини эътимод ба ВАО ва ниҳодҳои давлатӣ дар Аврупоро дорад.

Тибқи гузориши Комиссияи Аврупо дар соли 2025, осебпазиртарин кишвари Иттиҳоди Аврупо аз нигоҳи таъсири иттилоотии Русия Фаронса будааст.

Ба навиштаи Le Monde, Русия барои таблиғот дар хориҷ солона тақрибан 1,3 миллиард евро харҷ мекунад. Иттиҳоди Аврупо бошад соли 2025 барои боло бурдани саводи расонаӣ дар баробари хабарҳои дурӯғ ҳамагӣ 5 миллион евро ҷудо кардааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад