ОЛАМИ МАҶОЗӢДуров аз боз шудани парвандаи терроризм нисбаташ дар Русия...

Дуров аз боз шудани парвандаи терроризм нисбаташ дар Русия хабар дод

-

Паёми Дуров дар телеграм

Павел Дуров, бунёдгузори Telegram изҳор доштааст, ки нисбат ба ӯ дар Федератсияи Русия бо моддаи «мусоидат ба терроризм» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба навиштаи нашрияи Российская газета бо истинод ба маводи ФСБ, гӯё ҳамоҳангсозии амалиёти ҷинояткороне, ки ба толори консертии Крокус Сити Холл ҳамла карданд, тавассути Telegram сурат гирифтааст. Ҳамчунин иддао мешавад, ки ин паёмрасон барои омодасозии сӯиқасд ба ҷони хабарнигорони ҳарбӣ ва низомиён истифода шудааст.

Дуров рӯзи 24 феврал тариқи канали Telegram-и хеш навишт:
«Ҳар рӯз мақомот баҳонаҳои нав пайдо мекунанд, то дастрасии шаҳрвандони Русия ба Telegram-ро маҳдуд созанд ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва озодии баёнро танг кунанд. Манзараи ғамангези давлате, ки аз мардуми худ метарсад».

Ба иттилои нашрия, Telegram гӯё барои омодасозии куштори шахсиятҳое чун Даря Дугина, Владлен Татарский (Максим Фомин) ва генерал Игор Кириллов истифода шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
1
+1
1
+1
1
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад