ҲАЁТИ СОЛИМОмӯзиш барои беҳтар кардани муносибат ба занон ва кӯдакони...

Омӯзиш барои беҳтар кардани муносибат ба занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда

-

Бозҳамгироии иҷтимоии занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда яке аз мушкилиҳои асосии мақомоти ҳукумат ва ҷомеаи маҳаллӣ боқӣ мемонад. Ҳамоҳангсозии нокифояи фаъолияти байни ниҳодҳои иҷтимоӣ ва набудани тартиби самараноки дастгирӣ раванди мутобиқшавии ин оилаҳоро  душвор мегардонад. Бо мақсади таҳкими низоми  дастгирӣ дар шаҳри Душанбе омӯзиш оид ​​ба технологияи кори итҷимоии кейс-менеҷмент барои аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид.

Ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири дастгирии иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ 30 намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки масъули ҳамгироӣ ва тавонбахшии занону кӯдакони ба ватан баргаштаанд, аз як омӯзиш гузаштанд.

«Барои бозҳамгироии бомуваффақ таъмин намудани хизматрасониҳои асосӣ кофӣ нест. Бояд як низоми дастгирии инфиродиро бунёд кард, ки дар он ҳар як оила бо назардошти эҳтиёҷоти худ кумак гирад.», тазаккур додааст Субҳон Ашуров, ки ба иштирокчиён дарс гуфт.

Омӯзиш ба баланд бардоштани малакаҳои касбии мутахассисон ва беҳтар кардани механизмҳои ҳамкории байни муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ нигаронида шуд. Дар омӯзиш мутахассисон усулҳои нави тавонбахшии иҷтимоӣ, аз ҷумла машварати иҷтимоӣ, механизмҳои бозравонасозӣ ва дастрасӣ ба шуғл ва таҳсилро омӯхтанд.

«Мо мебинем, ки хадамоти иҷтимоӣ барои кор бо оилаҳои бозгашта ба воситаҳои иловагӣ ниёз доранд. Ин омӯзиш ба мутахассисони мо дар татбиқи усулҳои нав ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ кумак мекунанд.», — таъкид кардааст тренер Юсуфзода Фахриддин.

«Ҳоло мо алгоритми аниқи амалҳоро дар ҳолатҳои душвор дорем, ки ин ба мо имкон медиҳад,  на танҳо кӯмаки саривақтӣ расонем, балки сифати бозҳамгироии иҷтимоиро беҳтар созем. Кейс-менеҷмент ҳамчун равиши ҳамаҷониба на танҳо ба тавонбахшии итҷимоӣ мусоидат мекунад, балки робитаҳои иҷтимоиро таҳким мебахшад, ки гарави бозҳамгироии бомуваффақияти  занон ва кӯдакони дар вазъияти душвори зиндагӣ  қарордошта мебошад.», гуфтааст  Макнуна Ниёзӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Душанбе.

Омӯзиш аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад