ҲАЁТИ СОЛИМВазири дифои ИМА: ҳамон системаҳои зиддиҳавоии Русия чандон хуб...

Вазири дифои ИМА: ҳамон системаҳои зиддиҳавоии Русия чандон хуб кор накарданд, ҳамин тавр нест?

-

Вазири дифои ИМА Пит Ҳегсет бо шӯхӣ аз он ёд кард, ки нерӯҳои Венесуэла ҳангоми амалиёти ҳарбии ИМА, ки бо боздошти Николас Мадуро анҷомид, талоше барои муқобила бо ҳамлаи ҳавоии Амрико анҷом надоданд. Ҳегсет рӯзи душанбе, 5 январ, зимни суханронӣ дар назди низомиён дар як верфи киштисозӣ дар иёлати Вирҷиния изҳор дошт, ки нерӯҳои амрикоӣ тавонистанд бидуни талафот вориди Каракас шаванд.

«Тақрибан 200 нафар аз беҳтарин низомиёни амрикоии мо ба маркази Каракас ворид шуданд…», — гуфт Ҳегсет ва таъкид кард, ки дар ҷараёни амалиёт ягон сарбози ИМА ҳалок нашуд. Ӯ бо лаҳни шӯхӣ афзуд: «Ба назар мерасад, ҳамон системаҳои зиддиҳавоии Русия чандон хуб кор накарданд, ҳамин тавр нест?»

Дар ҳамон суханронӣ Пит Ҳегсет гуфт, ки ИМА қасди даргир шудан бо кишварҳои дигарро надорад, аммо ҷаҳон ба «давраи нави рақобати қудратҳои бузург» ворид шудааст. Дар ин замина вазири дифоъ мустақиман танҳо Чинро ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, ИМА «бармехезад, то ба ин чолиш посух диҳад» ва дар бахши дифоъ технологияҳоеро ҷорӣ хоҳад кард, ки «барои ҳукмронӣ дар ҷангҳои оянда заруранд».

Венесуэла аз системаҳои ПВО истифода накард

Ба навиштаи расонаҳо, Русия аз миёнаҳои солҳои 2000-ум ба яке аз таъминкунандагони асосии силоҳ барои Венесуэла табдил ёфт, пас аз он ки ИМА интиқоли силоҳро қатъ кард. Ҳаҷми умумии шартномаҳо дар ин самт тақрибан 14,5 миллиард долларро ташкил дода, мақомоти Русия ба Каракас имкони гирифтани техника бо қарз ва ба таъхир андохтани пардохтҳоро додаанд.

Дар қатори силоҳҳои таҳвилдодашуда аз Русия ба Венесуэла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, техникаи заминӣ ва низомҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ буданд, аз ҷумла маҷмааҳои С-300, «Бук», системаҳои такмилёфтаи шӯравии «Печора-2М» ва маҷмааҳои сайёри «Игла».

Моҳи майи соли 2025 Николас Мадуро ба Маскав сафар карда, ҳамроҳ бо президенти Русия Владимир Путин шартномаи шарикии стратегиро имзо намуд. Ин санад, аз ҷумла, ҳамкории ҳарбию техникиро «ба манфиати таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва таъмини амнияти ду кишвар» пешбинӣ мекард.

Амалиёти ИМА бо номи «Азми мутлақ» шаби 3 январ дар Венесуэла баргузор шуд. Ба иттилои расонаҳо, дар ҷараёни он беш аз 150 ҳавопаймо ва паҳпод барои зарба задан ба иншоот дар шимоли кишвар, аз ҷумла дар Каракас, истифода шуданд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки нерӯҳои ҳавоии ИМА қариб бо ҳеҷ гуна муқовимат рӯ ба рӯ нашуданд: танҳо дар бораи осеб дидани як чархбол хабар дода шуд. Ин боис гардид, ки фарзияҳо дар бораи эҳтимоли ришва гирифтани генералҳои венесуэлӣ паҳн шаванд, ҳарчанд барои чунин иддао далеле пешниҳод нашудааст.

Ҳамзамон маълум аст, ки нерӯҳои венесуэлӣ хатҳои нишасту парвозро дар фурудгоҳҳои наздики Каракас баста буданд. Ин иқдом метавонист нишасти эҳтимолии десанти амрикоиро ҳангоми ишғол пешгирӣ кунад. Аммо дертар маълум шуд, ки ҳадафи аслии амалиёти ИМА маҳз боздошти Мадуро будааст. Барои ин нерӯҳои махсуси «Делта», тибқи сенарияи қаблан тамриншуда, мустақиман бо чархболҳо дар назди қароргоҳи роҳбари Венесуэла фуруд омаданд.

Дар натиҷа Николас Мадуро ҳамроҳ бо ҳамсараш боздошт ва ба ИМА интиқол дода шуд, ки он ҷо онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба додгоҳ кашида шуданд. Худи Мадуро иттиҳомҳоро рад карда, худро бегуноҳ эълон намудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад