ОЛАМИ МАҶОЗӢШаҳрвандон кай соҳиби рақами ягонаи шахсӣ мегарданд?

Шаҳрвандон кай соҳиби рақами ягонаи шахсӣ мегарданд?

-

Вазорати адлияи дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани рақами ягонаи шахсӣ (личный номер) барои шаҳрвандон чораандешӣ доранд.
Дар ин бора Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Рақами ягонаи шахсӣ — ин рамзи инфиродиест, ки ба ҳар шаҳрванд танҳо як маротиба дода мешавад ва тамоми маълумоти асосии давлатӣ (шаҳодатномаҳо, сабти ҳолати шаҳрвандӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, андоз, суғурта ва ғайра)-ро дар як низоми ягона пайваст мекунад.
Чаро рақами ягона зарур аст?
Соддагардонии хизматрасониҳо
Бо ҷорӣ шудани рақами ягона, шаҳрвандон барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ дигар маҷбур намешаванд маълумоти якхеларо ба сохторҳои гуногун такроран пешниҳод кунанд.
Низоми ягона имконият медиҳад, ки иштибоҳ дар маълумот, такрори номҳо ва омори носаҳеҳ коҳиш ёбад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад