ҲАЁТИ СОЛИМДар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк бори аввал як мусалмон пирӯз...

Дар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк бори аввал як мусалмон пирӯз гардид

-

Дар ин интихобот Зоҳран Мамданӣ, номзад аз Ҳизби демократ ва зодаи Уганда, ки 34 сол дорад, пирӯз шуд. Ӯ дар назди интихобкунандагон эълон намуд, ки аз 1 январи соли оянда ба вазифа шурӯъ мекунад. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ, тақрибан 50,4% овозҳо ба ҷонибдории ӯ дода шудаанд.

«Ман ҷавонам, гарчанде бисёриҳо кӯшиш карданд, ки маро пир нишон диҳанд. Ман мусалмонам. Бадтарин чиз ин аст, ки барои ин ҳама аз ҳеҷ кас узр намепурсам.», — гуфт Мамданӣ зимни суханронии худ. Ба гуфтаи CBS News, Мамданиро аллакай губернатори иёлати Ню-Йорк Кэти Ҳокул ва раҳбари ақаллияти Сенат Чак Шумер бо пирӯзӣ табрик намудаанд.

Як рӯз пештар аз интихобот, президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид карда буд, ки агар Мамданӣ шаҳрдор шавад, кумакҳои давлатии Ню-Йоркро маҳдуд мекунад. Дар посух Мамданӣ дар нутқи худ ба Трамп муроҷиат карда гуфт:
«Ню-Йорк ҳамеша шаҳри муҳоҷирон буд, аз ҷониби муҳоҷирон сохта шуд, аз ҷониби онҳо идора мешавад ва аз имрӯз сар карда аз ҷониби як муҳоҷир раҳбарӣ мешавад. Пас, президент Трамп, гӯш кунед: агар хоҳед ба яке аз мо кор гиред, лозим меояд, ки бо ҳамаи мо сару кор гиред».

Ба гуфтаи Мамданӣ, ҳадафи асосии барномаи ӯ, ҷорӣ кардани андоз барои сарватмандтарин сокинони шаҳр, ройгон гардондани автобус, таъмини таҳсили томактабии ройгон барои ҳамаи кӯдакони то 5-сола мебошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад