Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро такмил намуданд. Лоиҳаҳо зиёд буданд, вале танҳо се даста лоиҳаҳои худро дар Форуми ҷавонон «3ZERO Data Fest» муаррифӣ намуданд.

Дастаи «BTW Team, замимаеро бо номи “Касбнамо” барои пешниҳоди босифат ва касбии тарҷумаи ҳол ё CV таҳия кардаанд, ки ба ҷавонон ниҳоят зарур аст. Ин даста мегӯяд, ҷавононе, ки кор меҷӯянд, лаёқати хубе доранд, вале тарҷумаи ҳоли худро ба шакли касбӣ ба корфармо пешниҳод карда наметавонанд ва аз ин ҳисоб на ҳамеша ҷавоби мусбат мегиранд.

«Smart Gate» лоиҳаи дастаи «Бобошки» аст, ки Масрур Холматов ва ду нафар аз ҳайати тимаш сохтаанд. «Smart Gate» — шабакаи иҷтимоии табодули мутақобилаи дониш миёни ҷавонон аст. Пойгоҳи онҳо чунин вазифа гузоштааст, ҷавононе, ки донишҳои худро ба иштирок мегузоранд, дар иваз донишҳои навро аз ин платформа дастрас мекунанд.

Дастаи «Молния Маккуин»-ро Лола Раҷабова роҳбарӣ кард. Маҳсули кори гурӯҳ пойгоҳе бо номи “Ҷаҳон” аст, ки барои боло бурдани дониши ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сиюми июн дар IT-Парки шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон «3ZERO Data Fest» баргузор шуд. Ҳадафи чорабинӣ, таҳкими муколама, ҳамкорӣ ва рушди навоварӣ миёни ҷавонон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон унвон шудааст. Форум бо маросими ифтитоҳ оғоз шуда, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ташкилоти байналмилалии Acted, эътилофи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барномаи Ilmhona Skills Accelerator оид ба аҳамияти рушди технологияҳои рақамӣ ва иштироки ҷавонон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ карданд.
Дар идомаи чорабинӣ нишасти «Ҷавонон савол медиҳанд» баргузор шуд, ки дар он ҷавонон мустақиман ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва роҳбарони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба имкониятҳои рақамӣ, шуғли аҳолӣ ва баробарии гендерӣ саволҳо пешниҳод карданд.
Яке аз бахшҳои муҳими форум муаррифии натиҷаҳои Hackathon буд.
Форум аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии Acted бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд.



