ҲАЁТИ СОЛИММаъмурияти Трамп чандин гузинаи ҳамла ба Венесуэларо тарҳрезӣ кардааст

Маъмурияти Трамп чандин гузинаи ҳамла ба Венесуэларо тарҳрезӣ кардааст

-

Маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп чандин гузинаҳои ҳамла ба Венесуэларо тарҳрезӣ кардааст.

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ҳадди ақал се гузинаи амалиёти низомӣ дар қаламрави Венесуэларо коркард намудааст, аз ҷумла ҳамлаи мустақим. Ба навиштаи The New York Times, кормандони дастгоҳи президент ҳоло бо Вазорати адлия машварат мекунанд, то асоси ҳуқуқии амалиётҳои дар назардоштаро таъмин намоянд.

Яке аз гузинаҳои мавриди баррасӣ ҳадафи объектҳои низомӣ мебошад, ки марбут ба ҳимояи президенти Венесуэла Николас Мадуроанд. Ин иқдом метавонад Мадуроро водор созад, ки кӯшиши фирор намояд. Гузинаи дуввум ирсоли гурӯҳҳои махсус барои куштори Мадуро-ро пешбинӣ мекунад. Гузинаи сеюм ирсоли неруҳои амрикоӣ барои тасарруфи пойгоҳҳои ҳавоӣ ва қисме аз маъданҳои нафтии Венесуэла-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин номбар шудааст, ки асоси ҳуқуқии иҷрои ин сенарияҳо метавонад иддао бошад, ки «Мадуро ва кормандони баландмақоми хадамоти амниятиашон ҳоло шахсони марказӣ дар «Cartel de los Soles» мебошанд», ки маъмурияти президенти ИМА онро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кардааст.
Нашрия меафзояд, ки президент Трамп ҳанӯз ҳеҷ қарореро «дар бораи он ки чӣ гуна ва оё бояд амал кард» қабул накардааст. Пешниҳоди қарор, ба навиштаи NYT, метавонад бо омадани киштии «Gerald R. Ford» дар миёнаҳои ноябр ва ҳузури тақрибан 5 ҳазор маллоҳ ва беш аз 75 ҳавопаймои ҳамлавар, шиносоӣ ва ёрирасон, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангии F/A-18, иртибот дошта бошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад