ҲАЁТИ СОЛИМТоҷикстандарт: "Арк саноат" бо тамғаи "Ҳалол" нӯшокиҳои алкоголӣ истеҳсол...

Тоҷикстандарт: «Арк саноат» бо тамғаи «Ҳалол» нӯшокиҳои алкоголӣ истеҳсол мекардааст

-

Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон ва соҳибкорон талаб кардааст, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои нерӯбахш (энергетик) нафурӯшанд. Зеро, чунин маҳсулот танҳо ба шахсони аз 18-сола боло фурӯхта мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, солҳои охир истифодаи нӯшокиҳои нерӯбахш миёни ҷавонон ва наврасон хеле маъмул шудааст. Онҳоро барои рафъи хастагӣ, боло бурдани нерӯ ва болидаруҳӣ истифода мебаранд.
Ҳамзамон, Агентӣ аз натиҷаи як санҷиши ғайринақшавӣ дар ҶДММ «Арк саноат» — истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои «PANTERA» хабар додааст, ки дар раванди истеҳсол оддитарин қоидаҳои санитарӣ ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ риоя намешудаанд.
Илова бар ин, маълум гардидааст, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва нӯшокиҳои алкоголӣ дар як раванди технологӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ин сабаб, тамғаи «Ҳалол», ки ба нӯшокиҳои «PANTERA» дода шуда буд, бекор гардидааст.
Аз агентии мазкур ба Ховар хабар додаанд, ки риоя накардани талаботи меъёрӣ метавонад ба истеҳсоли маҳсулоти бесифат оварда расонад. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҳатто мавҷуд будани тамғаи «Ҳалол» маънои онро надорад, ки нӯшокиҳои руҳафзо барои кӯдакону наврасон бехатар бошанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад