ОЛАМИ МАҶОЗӢDeep Search барои таҳқиқоти амиқ ва мураккаб вале ҳоло...

Deep Search барои таҳқиқоти амиқ ва мураккаб вале ҳоло бо хулосаҳои нодуруст

-

Ширкати OpenAI як оҷонсии нави зеҳни сунъиро бо номи Deep Search муаррифӣ кард, ки барои гузаронидани таҳқиқоти амиқ ва мураккаб бо истифода аз платформаи Chat пешбинӣ шудааст. 

Ин хусусияти нав барои «нафароне таҳия шудааст, ки ба кори ҷиддии зеҳнӣ дар соҳаҳое, аз қабили молия, илм, сиёсат ва муҳандисӣ машғуланд ва ба таҳқиқоти дақиқ, аниқ ва боэътимод ниёз доранд». Deep Search инчунин метавонад барои онҳое муфид бошад, ки «харидҳое мекунанд, ки одатан таҳқиқоти ҷиддиро талаб мекунад, ба монанди мошинҳо, асбобҳои рӯзгор ва мебел».

Баръакси ҷавоби зуд ё хулосаи оддӣ, Deep Search маълумотро аз вебсайтҳои гуногун ва дигар манбаъҳо бодиққат баррасӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир, ин хусусият барои корбарони Chat Pro бо маҳдудияти 100 дархост дар як моҳ дастрас аст. Дар як моҳи оянда, дастрасӣ ба корбарони Chat Plus ва Team ва баъдан ба Enterprise фаррохтар карда мешавад.

Дар айни замон, натиҷаҳои Deep Search танҳо дар шакли матн пешниҳод карда мешаванд. Аммо, OpenAI нақша дорад, ки ба зудӣ тасвир, визуализатсияи додаҳо ва дигар хулосаҳои таҳлилиро илова кунад. 

OpenAI иқрор мешавад, ки Deep Search маҳдудиятҳо дорад: модел метавонад хато кунад ва хулосаҳои нодуруст барорад, дар фарқ кардани маълумоти мӯътамад ва овозаҳо душворӣ кашад ва инчунин на ҳамеша дар бораи нобоварии худ хабар диҳад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад