МУВАФФАҚИЯТСино соҳиби медал ва ҷоми фестивал гардид

Сино соҳиби медал ва ҷоми фестивал гардид

-

Синои 15-сола дар Фестивали Ҷудо, ки рӯзҳои 23-24-и январ дар ноҳияи Емеляновская баргузор гардид, ширкат ва соҳиби медали тилло гардид.

«Иштироки аввалини ман дар мусобиқаи Федератсияи Русия буд, ки дар вазни 42кг сабқат кардам. Ҳарифонам аз минтақаҳои гуногуни Русия буданд ва ман 5 ҳарифамро мағлуб кардам. Дар даври ниҳоӣ бо варзишгар аз ноҳияи Уллан-Эде  сабқат ва бо як усули начандон мушкил ба ӯ ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал шудам.» — нақл мекунад Сино Бобохоҷаев.

Ин варзишгари наврас соли 2007 дар ноҳияи Рашт таввалуд шуда, аз хӯрдсолӣ ба варзиш рағбат дошт. Сино дар  10-солагӣ ба мактаби варзишии ноҳияи Рашт меравад ва зери назари устодаш Зоиршо Саймуҳиддинов  кӯштӣ тамрин менамояд.

«Аз соли 2017 дар мусобиқаҳо ширкат мекардам. Дар ибтидо чандин бор мағлуб гардидам, вале ин ба рӯҳияи ман таъсир намерасонд, баръакс, зиёд кушиш мекардам, зиёд тамрин мекардам ва ба мусобиқоти навбати омодагӣ медидам. Дар минтақа ва ҷумҳурӣ дар бисёр мусобиқаҳои варзишӣ ширкат кардам. Дастовардҳоям низ зиёданд. То имрӯз наздики 30 медал ба даст овардаам, ки аз ин шумора беш аз 15 ададаш тилло, боқӣ ҷойи дуюм ва сеюм ҳастанд.», — нақл мекунад Сино.

Аз моҳи ноябри сипаришуда дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия дар толори варзишии ҳунарҳои размӣ зери назари Николай Геннадевич тамринро идома медиҳад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад