МУВАФФАҚИЯТДонишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Узбекистон намояндагии хешро...

Донишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Узбекистон намояндагии хешро боз карданист

-

Акс аз саҳифаи фейсбукии Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Мавзӯи таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар Ӯзбекистон 13 апрел мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маҷлисгоҳи ин вазорат таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Гуфта мешавад, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд. Фаъолияти филиали донишгоҳ дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1998 қатъ гардидааст.
Айни ҳол муносибати дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад