ҲАЁТИ СОЛИМИттиҳоди Аврупо воридоти PlayStation ва Xbox-ро ба Русия манъ...

Иттиҳоди Аврупо воридоти PlayStation ва Xbox-ро ба Русия манъ мекунад

-

Иттиҳоди Аврупо воридоти консолҳои бозии PlayStation ва Xbox-ро ба Русияро манъ мекунад то монеи истифодаи онҳо аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои идораи дронҳо дар қаламрави Украина шавад. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ Кая Каллас изҳор доштааст, ки чунин маҳсулот ба мисли PlayStation аз Sony ва Xbox аз Microsoft ба бастаи нави таҳримҳо дар сеюмин соли ҷанг равона мешавад. Дар ин бора нашрияи Financial Times хабар медиҳад.

«Мо ҳама намуди молҳоеро, ки барои Русия дар ҷанг кумак мекунанд, бодиққат баррасӣ мекунем, то онҳоро ба рӯйхати таҳримҳо дохил кунем. Ҳатто консолҳои бозӣ, зеро, барои мо маълум аст, ки онҳо барои идораи дронҳо истифода мешаванд.», — гуфтааст Каллас.

Истеҳсолкунандаи бузургтарини консолҳои бозӣ — ширкати амрикоии Microsoft ва ширкатҳои ҷопонии Nintendo ва Sony фурӯшро дар Русия аввали моҳи марти соли 2022 қатъ карда буданд. Маҳдудияти Иттиҳоди Аврупо барои тоҷирон дар Иттиҳоди Аврупо, ки консолҳоро ба Русия мефиристанд, аз ҷумла, фурӯшандагони техникаи истифодашуда нигаронида хоҳад шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад