МУВАФФАҚИЯТМақоми VII-и Тоҷикистон дар Abu Dhabi Grand Slam 2024

Мақоми VII-и Тоҷикистон дар Abu Dhabi Grand Slam 2024

-

Мақоми Тоҷикистон дар раддабандӣ

Тоҷикистон дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ — шаҳри Абузабӣ баргузор  шуд, мақоми 7-умро ишғол кард.

Дар ин мусобиқа аз кишвари мо 6 нафар ширкат намуданд, ки чаҳор нафари онҳо ба муваффақият даст ёфтанд.

Абубакр Шеров дар вазни 73 кг мақоми 2-юм, Обид Ҷебов дар вазни 66 кг  мақоми 3,  Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 100 кг мақоми 3 ва Умедҷон Раҷабов дар вазни 90 кг мақоми 7-умро ишғол намуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ карданд:

— 66 кг — Обид Ҷебов

— 73 кг — Беҳрӯзи Хоҷазода

— 73 кг – Абубакр Шеров

— 90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

— 90 кг – Умедҷон Раҷабов

— 100 кг — Ҷаҳонгир Маҷидов

 Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра – 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мешаванд: ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷои дуюм 700, ҷои сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2023” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар (- 60 кг — Меҳрзод Суфиев, — 60 кг — Муҳаммадсолеҳ Қувватов, — 66 кг — Обид Ҷебов, — 73 кг — Беҳрӯзи Хоҷазода, — 81 кг — Сомон Махмадбеков, — 90 кг — Ҷаҳонгир Маҷидов, — 100 кг — Эмомризо Анварзода) дохил буданд, ки байни мардон рақобат карда, бе медал монданд.

Чорабиниҳои навбатии IJF дар хоки Амрико бо собиқадорони Чемпионати ҷаҳонии Лас Вегас (4-7 ноябр) ва Ката (9-10 ноябр) ва дар оғози моҳи декабр (7-8 декабр) мусобиқаи машҳури Grand Slam Токио баргузор мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад