БОЛХарҷу дахли Алишер дар Ҷопон

Харҷу дахли Алишер дар Ҷопон

-

Алишер Долиев ҳоло дар шаҳри Токиои Ҷопон дар риштаи иқтисод ва менеҷмент таҳсил мекунад.

Ӯ дар суҳбат ба мо доир ба шартномаи ҳангуфти донишгоҳ, омӯзиш, кору зиндагиаш дар Ҷопон қисса кард.

Алишер дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Панҷакент (ихтисоси забони ҷопонӣ) таҳсил карда, сипас ба Ҷопон рафт. Ӯ қабл аз таҳсил дар донишкада дар мактаби махсус муддати 1,5 сол забони ҷопониро омӯхт…

«Ҳоло дар курси сеюм мехонам. Агар аз Тоҷикистон тариқи бурсия ба Ҷопон меомадам, имкони буҷавӣ таҳсил кардан буд… Маблағи солонаи шартнома ҳудуди 7 ҳазор доллар буда, ҳар моҳ то 350 доллар ба хобгоҳ месупорам. Роҳкиро хурду хӯрок дар моҳҳудуди 250-300 долларро ташкил медиҳад.», — гуфт ӯ.

Алишер дар як маркази савдо муддате ба ҳайси хазиначӣ кор кардааст. Чанд вақте дар тарабхона ёвари ошпаз буд. Инчунин ба ҳайси таҳвилдиҳандаи ғизо ва  муаллими забони англисӣ кор кардааст.

«Солҳои аввал каме душвор буд. Ҳоло кор мекунам хароҷотамро мепӯшонам. Яъне, сарфу харҷи донишгоҳ ба дӯши худам ҳаст. Аз Тоҷикистон ба ман пул намефиристанд.», — афзуд қаҳрамони мо.

Алишер пас аз хатми донишгоҳ магистратураро дар дигар кишвар идома доданист.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад