ОЛАМИ МАҶОЗӢНашри ҳуҷҷати ёфтшуда тариқи интернет хатар дорад?

Нашри ҳуҷҷати ёфтшуда тариқи интернет хатар дорад?

-

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ чашмамон ба акси шиноснома, ҳуҷҷати ронандагӣ, корти бонкӣ ва даҳҳо ҳуҷҷати дигар меафтад, ки ин ё он нафар пайдо кардаву барои ба соҳибаш расондан, онро нашр кардааст.
Бо пайдо кардани ҳуҷҷатҳои нафари дигар, зуд бо нашри он корнамоӣ кардан мехоҳем.
Вале гоҳо бо ин амал ба нафаре, ки ҳуҷҷат гум кардааст, метавонем зарар расонем.
Беҳтар аст, ки  дар нашри шиноснома, корти бонкӣ, ҳуҷҷати ронандагӣ ва ба ин монанд ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошем.
Ҳангоми нашри ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ному насаб, силсиларақам, муҳлати эътибор, нишонии ҷойи истиқоматро пӯшонем то ба соҳиби ҳуҷҷат зарар нарасонем.
Қаллобон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сайд меҷӯянд, ки аз ин ё он нафар рақами корт ва дигар мушаххасоташро ба даст оварда, маблағи кортро соҳиб шаванд. Мо бо нашри мушаххасоти корти бонкии ёфтшуда барои қаллобон  шароит фароҳам меорем.
Пайдо кардани соҳиби корт мушкил нест. Дар корт номи ташкилоти қарзӣ, яъне, бонк, рақами телефони хадамоти дастгирии бонк мавҷуд аст. Агар корти нафареро пайдо кардед, беҳтар аст, ки аввал ба бонк муроҷиат намоед.
Агар мехоҳед, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ соҳиби кортро пайдо кунед, ному насаби соҳиби кортро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намоед. Бо чунин исм нафареро пайдо кардед, зуд ба он акси кортро нафиристед. Зеро, бо ному насаби монанд чандин нафарро метавон пайдо кард. Бинобар ин, дақиқ кунед, ки ӯ шахс дар воқеъ, корт гум кардааст.
Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, модератори яке аз гуруҳҳои бузурги фейсбукӣ-“Ахбор барои Афкор” мегӯяд, ҳамарӯза шоҳиди чунин ҳолат мешавад, ки шаҳрвандон акси ашёву ҳуҷҷатҳои ёфтаро тариқи интернет ба иштирок мегузоранд то соҳибонашон пайдо шаванд. Вале бе риояи талаботи бехатарӣ ва ахлоқӣ.
«Як ду сол қабл мардум ин чизро намедонистанд ва бо ҳамон шакле, ки ҳуҷҷатро пайдо карда буданд, яъне, бо нишон додани рақам ва ҳама ҳуқуқҳои дигаре, ки алакай рақамӣ шудаанд ва онҳо ҳифзшаванда мебошанд, пешниҳод мекарданд. Аммо баъдан фейсбук барои ин баъзе муҷозотҳо таъин кард ва на танҳо онҳоеро, ки ҳамин гуна матлаб ё постҳоро пешниҳод мекунанд, балки онҳоеро, ки ҳамин гуна постҳоро иҷозати нашр медиҳад, муҷозот мекунад. Барои чанд рӯз аз гузоштани пост ё навиштани шарҳ маҳрум месозад.  Фейсбук ва шабакаҳои дигар алакай ҳуҷҷатҳоро бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ қабул намекунад ва инро бояд мардум ҳам донанд.»,- мегӯяд Р. Мирзо.
Агар акси корти ёфтшудаеро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардан мехоҳед, рақамҳои корт, мӯҳлати эътибори корт ва CVV-и он набояд намудор бошад.
Шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд ё дигар ҳуҷҷати шахси дигар барои шумо нолозим аст. Бинобар ин, барои баргардондани он талош кунед.
Тибқи талаботи моддаи 298-и Кодекси мадании Тоҷикистон,  шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, уҳдадор аст шахси гумкардаи ашё ё шахси дигари ба он шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани ашёро дорад, огоҳ созад ва ба ин шахс ашёро баргардонад.

Шахсе, ки ашёро ёфтааст, барои гум кардан ё осеб расондан ба он танҳо дар ҳолатҳои қасд ё беэҳтиётии дағалона дар доираи арзиши ашё ҷавобгар мебошад.

Аввалин кореро, ки як одами хуб мекунад, ашёи пайдокардаро ба соҳибаш бармегардонад.

Маълумоти бештар дар эксплейнери навбатии мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
11
+1
7
+1
0
+1
2
+1
1
+1
3
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Исроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения ширкат даст кашиданд

Исроил иҷозаи иштирок дар "Евровидение-2026"-ро ба даст овард. Дар посух Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения эълон карданд, ки ба...

YouTube Recap: дар бораи тамошои ҳама видеоҳо омор пешниҳод мекунад

YouTube ҳисоботи нави солонаи YouTube Recap 2025-ро муаррифӣ кард. Ин аввалин натиҷагирии инфиродии видеоҳост, ки ҳар корбар дар давоми...

Ду созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

2 декабр Иттифоқи миллии журналистон ва Федератсияи байналмилалии журналистон (SNJ/IFJ) ба Прокуратураи миллии мубориза бо терроризм дар Париж  барои...

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». 4 нафар соҳиби шоҳҷоиза

Имрӯз, 4 декабри 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи...
spot_imgspot_img

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

“Баракат Исфара”, “Водии меваҳо” ва “Алӣ Априкот”- се корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, ки бозигари калидии бозори хушкмева дар...

Маск: ояндаи мусбатро бо зеҳни сунъӣ касе кафолат намедиҳад

Илон Маск, роҳбари Tesla, SpaceX ва xAI  бори дигар аз хатарҳои зеҳни сунъӣ ҳушдор дод ва се принсипи асосиро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад