ОЛАМИ МАҶОЗӢМашҳуртарин ҳакери ҷаҳон вафот кард

Машҳуртарин ҳакери ҷаҳон вафот кард

-

Кевин Митник. Аксҳо аз шабакаи интернет

Машҳуртарин ҳакер дар ҷаҳон, ки Nokia-ро рахна карда буд, аз дунё даргузашт.

Пажӯҳишгари барҷастаи соҳаи бехатарии иттилоотӣ Кевин Митник (Kevin David Mitnick) дар синни 59-солагӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times бо истинод ба ширкатҳои Mitnick Security Consulting ва KnowBe4, ки аз ҷониби ин нафар таъсис ёфтааст, хабар медиҳад.

Митник дар Лас Вегас бар асари саратони ғадуди зери меъда дар синни 59-солагӣ ин оламро тарк кард.

Митник бо содир кардани як қатор ҷиноятҳои пурсарусадои сайберӣ дар солҳои 90-ум маъруф шудааст. Вай ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ва донишгоҳҳоро ҳакерӣ кардааст. Аз ҷумла, ӯ ба дуздии барномаҳои компютерии Santa Cruz Operation ва системаҳои Motorola ва Nokia муттаҳам мешавад. Митник аввалин ҳакере буд, ки муддати зиёд дар феҳристи кофтукоби FBI қарор гирифт ва пас аз он шӯҳратёр гардид.

Кевин Митник баъди боздошт

Митник соли 1995 аз ҷониби ниҳодҳои истихборотии Амрико боздошт ва ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Пас аз озод шудан, ӯ ба ҳайси мутахассиси амнияти иттилоотӣ бозомӯзӣ кард ва коршиноси эътирофшудаи ин соҳа шуд, Mitnick Security Consulting ва KnowBe4-ро таъсис дод ва инчунин дар Zimperium мақоми баланд дошт.

Кевин Дэвид Митник  6 августи 1963 дар Лос-Анҷелес ба дунё омада, 16 июли 2023 дар Лас Вегас вафот кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад