БИЗНЕС-КЛУБ9 корхонаи нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Текстиллегпром

9 корхонаи нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Текстиллегпром

-

Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии Текстиллегпром, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад, намояндагӣ мекунанд. Ин намоишгоҳ имрӯз, 6-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид.

Корхонаҳои «Ваҳдат Текстил» бо ҷӯробу риштаи пахтагин, «KOTA Глобал» бо либоси варзишӣ «Нассоҷи Хуҷанд» бо либоси мардонаву занона, «Ноҳид» бо либоси таги мардонаву кӯдакона, маҳсулоти трикотажӣ, «Oртекс»  бо либоси мардонаву кӯдакона, «Раҳимов А. А.» бо либоси варзишӣ-кимоно, «Сифат Саноат»  бо либоси тиббӣ, «ToҷТекс» бо либоси кӯдакона ва «ХИМА Текстил» бо пешниҳоди риштаи пахтагин Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар намоишгоҳ дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толори ВДНХ то 9-уми сентябр ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор мешавад. 

Барои бештар аз як даҳсола боз Текстиллегпром имкони хуберо фароҳам меорад, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 14-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд. Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тайёр ба монанди либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либосҳои варзишӣ ва махсус, ва ғайраро ба намоиш мегузоранд. Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавии дӯзандагӣ ва равандҳои нав дар ҷаҳони мӯд шинос хоҳад шуд.

Акс аз сомонаи www.textilexpo.ru

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад