МУВАФФАҚИЯТНамоишгоҳи ITMA 2023. Вазири тоҷик чӣ гуфт?

Намоишгоҳи ITMA 2023. Вазири тоҷик чӣ гуфт?

-

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, оҷонсии СММ тақрибан 70 ширкатро ба намоишгоҳи бузургтарини байнулмилалии фанновариҳои нассоҷӣ ва либосвории ITMA 2023 ба Милани Италия сафарбар кард.

Ба ин феҳрист 12 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, як иттиҳодияи соҳавӣ ва як вазорати соҳавӣ аз Тоҷикистон низ вориданд, ки ба намоишгоҳ барои шиносоӣ бо навгониҳои охирини фанновариҳои соҳа сафар карданд.

Мавзӯи имсолаи намоишгоҳ ба тағйироти саросарии соҳа ва ҳаракати он ба самти рақамисозӣ ва истеҳсолоти устувор бо назардошти муҳити зист бахшида шуда буд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, низ дар намоишгоҳ ширкат ва суханронӣ кард. 

“Навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Боздид аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои тоҷик ҷиҳати шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.»,-қайд кардааст ин вазири тоҷик

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад