ҲАЁТИ СОЛИМСаида кумаки иҷтимоӣ дарёфт накард. Кӣ дастрасӣ ба ин...

Саида кумаки иҷтимоӣ дарёфт накард. Кӣ дастрасӣ ба ин кумакҳо дорад?

-

Саида Давлатоваи 18-сола маъюби гуруҳи якум буда, фарзанди калонии хонавода мебошад. Падараш усто ва модараш ба сифати фаррош дар яке аз муассисаҳои иҷтимоӣ кор мекунанд. Агарчи шароити хуби молӣ надоранд, аммо ин оила санади камбизоатӣ надорад ва кумакпулии иҷтимоӣ намегирад.

Зайнаб Наимова, модари Саида Давлатова гуфт, борҳо талош кард, то ин санадро дарёфт ва аз имтиёзҳои камбизоатӣ бархӯрдор бошанд, вале натавонист. Надоштани санади камбизоатӣ сабаб шудааст, ки ин оила аз кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бенасиб монад.

“Барои табобати кӯдаки маъюб маблағи зиёд лозим аст ва ҳар боре, ки ба духтур бурдам, аз ҳисоби худам харҷи ташхису табобатро пардохт кардам. То ҳол аз ҷониби касе ё ниҳоде барои доштани маъюбияти духтарам кумак нагарифтаам.”, — мегӯяд модари Саида Давлатова.

Тибқи қонун «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», яке аз индикаторҳои асосӣ барои гирифтани кумакпулӣ теъдоди маъюбон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила мебошад.

Дилафрӯз Абдулоева, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб дар робита мушкилоти оилаи Саида Давлатова гуфт, тоза ба ин вазифа таъин шудааст ва дар оянда онҳоро ба рӯйхати камбизоатон ворид мекунад.

Дар минтақаи Кӯлоб 25 ҳазору 852 нафари маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 4 соли пеш (2019) 1 ҳазору 869 нафар афзоиш ёфтааст. Аз 3 як ҳиссаи маъюбони вилояти Хатлон ба минтақаи Кӯлоб рост меояд.

Соли 2022 дар тамоми вилояти Хатлон 56 ҳазору 255 маъюб ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба 4 сол пеш (2019) 5 ҳазору 904 нафар бештар мебошад.

Дар чаҳор соли охир, омори кӯдакони маъюб низ дар вилоят 2 ҳазору 358 афзоиш ёфтааст. Агар соли 2019 дар вилоят 10 ҳазору 327 кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол 12 ҳазору 685 кӯдаки маъюб.

Диловар Бобохонзода, як масъули комиссияи экспертизаи  тиббию меҳнатӣ (ФТЕК)-и вилояти Хатлон мегӯяд, сабаби афзоиши шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд давоми чаҳор соли охир, аз ҷумла, дар соли 2020 ин таваллуди зиёди кӯдакон бо нуқсони модарзодии маъюбӣ мебошад.

Тибқи омори расмӣ, теъдоди шахсони маъюб дар минтақаи Кӯлоб дар соли 2020 якбора 836 нафар афзоиш ёфтааст. Агар соли 2019  шумораи шахсони маъюбиятдошта 23 ҳазору 983 нафар бошад, пас, соли 2020-ум ин рақам ба 24 ҳазору 819  расидааст. 

Дилафрӯз Абдулоева, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб сабаби якбора афзоиш ёфтани шумораи шахсони имконияташон маҳдуд дар соли 2020-ро ба пешниҳоди кумаки якдафъаина ба аҳолӣ аз ҷониби ҳукумат маънидод кард, ки баъди ин шумораи зиёди аҳолӣ барои гирифтани он ба муассиаҳои тиббӣ муроҷиат карда, худро маъюб ба қайд гирифтанд то ба маблағҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Соли 2020 ба хотири коҳиши таъсири бемории коронаврус ҳукумати кишвар супориш дод, ки ба оилаҳои камбизоат ва шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳаҷми як маоши ҳадди ақал, ки он замон 400 сомонӣ буд, кумакпулӣ дода шавад.

Ҳамин тариқ, омори кӯдакони то 18-солаи маъюб дар минтақаи Кӯлоб низ давоми 4 соли охир зиёд шудааст. Агар соли 2019-ум теъдоди  онҳо 4 ҳазору 585 нафар бошад, соли 2022 –ум ба 5 ҳазору 114 нафар расид.

Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи иҷтимои аҳоли дар минтақаи  Кӯлоб онҳо дар се моҳи соли равон ба маблағи 77 ҳазору 64 сомонӣ ба 1 ҳазору 520 нафар имтиёздор хидматӣ тиббии ройгон кардаанд, ки ин 1,7 дарсади шумораи умумии маъюбонро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Кӯлоб ТҶ “Заршедабону” амал мекунад, ки бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба маъюбон ройгон кумак мерасонад. 

Дар назди ин ташкилот ду марказ фаъолият менамояд-“Парасту” ва “Меҳрон”. Дар ин марказҳо ба шахсони маъюбиятдошта ва оилаҳои онҳо хизматрасонии тиббӣ ва машварати ройгон расонида мешавад. Инчунин дар назди ин марказҳо курсҳои омӯзишӣ аз қабили дӯзандагӣ ва курсҳои компютерӣ фаъол аст.  

Маркази хидматрасонии иҷтимоии “Парасту” ба ба маъюбон кумаки офиятбахшӣ ва равонӣ мерасонад.

Қаламнисо Абдуқаюмова, роҳбари ташкилот гуфт, соли 2022 ин ташкилот ба 180 ва дар се моҳи соли 2023 ба 60 маъюб барои муолиҷа кумак расонд. 

Давоми чор соли охир аз марказҳои “Парасту” ва “Меҳрон” 313 нафар шахси имконияташ маҳдуд истифода бурдаанд, ки ин ҳамасола ба ҳисоби миёна 5-6 фоизи маъюбони минтақаи Кӯлобро ташкил медиҳад. 

Ҳаҷми мабалағе, ки давоми солҳои 2019-2022 аз ҳисоби буҷаи давлат ба ин марказҳо ҷудо гардидааст, дар умум 2 млн 450 ҳазору 347 сомониро ташкил медиҳад. 

Марказҳои мазкур ба тамоми манотиқи вилояти Хатлон хадамот пешниҳод мекунанд. Агар ин марказҳо ҳамасола ба 1 ё 1,5 фоизи маъюбиятдоштаи минтақаи Кӯлоб хидмат мерасонанд ба вилояти Хатлон ин нишондиҳанда  0,5-0,3 дарсдаро ташкил медиҳад.

Масъулини ин марказҳо мегӯянд, ҳамаи хидматрасониҳои онҳо аз ҷониби Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузорӣ мешавад ва ба ҳисоби миёна дар як сол барои як марказ ҳудуди 300-500 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Ин маблағҳо барои расонидани кумаки тиббӣ ва моҳонаи кормандони марказ масраф мешаванд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад