БОЛЗардушт раиси Анҷумани донишҷӯёни хориҷӣ дар Олтой

Зардушт раиси Анҷумани донишҷӯёни хориҷӣ дар Олтой

-

Иштироки Зардушт дар фестивали илм. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Зардушт Баҳромзода донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Олтой буда, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”-ро барои таҳсил ба даст оварда буд. Ӯ фаъолтарин донишҷӯи ин муассиса маҳсуб ёфта, ҳамчунин раиси Анҷумани донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ аст. 

 “Насли мо ба сиёсатшиносӣ рағбати кам дорад, аксарият блогерӣ, барномасозӣ, кори ороиш (дизайн) ва дигар касбҳои навро интихоб мекунанд. Аммо ба андешаи ман, сиёсатшиносӣ бисёр муҳим аст ва барои давлату миллатам дар оянда хизмати калон карда метавонам. Чунин сухан низ ҳаст: ҳар нафаре бо сиёсат сари кор намегирад, сиёсат бо ӯ сари кор мегирад!”, — гуфт ӯ.

Соли аввали таҳсил надонистани забон барояш мушкил эҷод мекард. Бо роҳнамоии устодон сатҳи забондониашро хуб кард ва ҳоло бо баҳои аъло таҳсил дорад.

Барнома маблағи таҳсилро мепӯшонад, Пули хобгоҳу хӯрок ва либос аз ҳисоби худаш ҳаст. Донишгоҳ моҳона 4 ҳазор рубл идрорпулӣ медиҳад.

“Маблағи идрорпулӣ кам аст, вале бояд бигӯям, ки даромадҳои дигар ҳам ҳастанд. Масалан, барои иштирок дар конфронсҳо, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва ғайра пули иловагӣ мегирем.”, — илова кард ӯ.

Ду моҳ қабл Зардушт раиси Анҷумани донишҷӯёни хориҷӣ интихоб гардид. Ӯ ба мушкилии донишҷӯён расидагӣ мекунад.

“Мо бо ҳамватанон самимӣ ҳастем ва ҳамеша дар паҳлӯи ҳам мебошем. Дар ин донишгоҳ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва мо зиёд бо ҳам нишаста, доир ба вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаамон суҳбат мекунем.”, — нақл кард ӯ.

Зардушт ния дорад, ки пас аз хатми донишгоҳ зинаи магистратураро дар Академияи дипломатии Русия ба паён расонда, сипас ба Ватан баргашта, тибқи ихтисос хизмат намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад