БИЗНЕС-КЛУБГуланор Атобек роҳбари нави Алиф Бонк

Гуланор Атобек роҳбари нави Алиф Бонк

-

Масъулияти роҳбарии Алиф Бонк ба Гуланор Атобек вогузор гардид. Ин бону қаблан Ташкилоти аудитории «Делойт»-ро идора мекард.
Абдулло Қурбонов яке аз муассисони Алиф Бонк тариқи саҳифаи фейсбукиаш эълон дошт, ки дар аввали сол хулоса карда буданд, ки Гуланор Атобек, Далер Каримов ва Диловар Амоновро дар раъси ҳайати роҳбарикунандаи бонки мазкур таъин менамоянд. «Дар 9 моҳи гузашта ба натиҷаҳову рекордҳои назаррас ноил гаштем. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пардохтҳо бо alif mobi 2,9 маротиба, интиқоли маблағҳо — 3,8 маротиба, мизоҷони корпоративиямон — 3 маротиба зиёд шуданд. Натиҷаҳои молиявиямон боз ҳам беҳтар шуданд. Боз ҳам муҳимтар — дар самти сифати хизматрасонӣ ва сохтани низоми мустаҳкам, дастаи нави роҳбарон воқеан тандеми хуб ба роҳ монданд.»-ёдовар шудааст Абдулло Қурбонов.
Абдулло таъкид кардааст, ки зиёда аз як сол мешавад, ки ӯ бо Фирдавсу Зуҳуршо (ҳаммуассисони бонк) аксарияти вақти худро барои васеъ кардани Алиф дар арсаи байналмилалӣ равона кардаанд.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Абдулло Қурбонов
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад