ҲАЁТИ СОЛИМДаври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон: “Истиқлол” 35 хол, “Хатлон” ва...

Даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон: “Истиқлол” 35 хол, “Хатлон” ва “Равшан” бо 27-холӣ дар сегонаи аввал

-

Се рӯзи гузашта бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, 8-уми октябр бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА мусовӣ (1:1) анҷом ёфта, “Хатлон” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ду бозии дигар, ки рӯзи 9-уми октябр баргузор гардид, “Эсхата” дастаи “Файзканд”-ро шикаст дод – 1:3. 
Дар бозии дигар “Равшан”-и Зафаробод бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд – 2:1. 

10-уми окятбр “Истиқлол” бо тими “Равшан”-и Кӯлоб вохурда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Гонсале Ритакко ва Владислав Касминин муаалифи голҳо гардиданд.

Пас аз натиҷагирии 17 даври бозиҳо “Истиқлол” бо 35 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду дастаи вилояти Хатлон – “Хатлон” ва “Равшан” бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 21-23 октябр ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи аввал “Равшан” (Зафаробод) бо “Регар-ТадАЗ”, рӯзи дуюм “Хуҷанд” бо “Эсхата”, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Хатлон” ва рӯзи сеюм “Истаравшан” бо “Файзканд”, КМВА бо “Истиқлол” вомехуранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад