ВАРЗИШПирӯзии тоҷикон дар «Як ба Як»

Пирӯзии тоҷикон дар «Як ба Як»

-

Як ба Як (Один на Один) дар саҳифаи ютубии хеш ин ҳафта муҳорибаи диданиеро гузошт, ки дар он се тоҷикистонӣ бо ҳарифони худ пирӯз шуданд.

Хусрав Зоидов ба рақибаш Анзор Алоян, Ҷонибек Ҷабборов ба Руслан Гиссатулин ва Саймумин Мадиев ба Геворг Асланян дастболо гардиданд.

Хусрав Зоидов дар як дақиқаву 20 сонияи даври якум рақибаш Анзор Алоянро мағлуб кард. Зимни эълони пирӯзии ӯ Элзар Абдисалиев, ки худро қирғиз муаррифӣ намуд,  вориди  қафаси ҳашткунҷа шуда, баландгӯякро аз дасти дастандаркори рақобатҳо гирифта, аз муҳорибаи Хусрав интиқод намуда, онро беарзиш ва барои худаш дилбеҳузуркунанда унвон кард ва Хусравро ба муҳориба даъват намуд.

“Дар ҳама шароит ва ҳам навъи муҳориба –мубориза, бокс омодаам.”,-ҷор зад Элзар Абдисалиев.

Хусрав Зоидов низ бедудилагӣ омодагиашро изҳор намуда, таъкид кард, ки дастпӯшакро барояш диҳанд ва ҳоло мубориза мекунад.

Муҳорибаи ин ду нафарро дар охир гузоштанд ва Хусрав тавонист Элзарро ба накаути техникӣ равон кунад.

Наворро бубинед, ки Хусрав, Ҷонибек ва Саймумин чӣ гуна рақобат карданд:

Навор аз саҳифаи ютубии Один на Один

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад