МУВАФФАҚИЯТМақоми аввали дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи "Н"-и мусобиқаи...

Мақоми аввали дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Н»-и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

-

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони кишвар бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

«Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 6 хол дар гурӯҳ ҷои аввалро гирифта, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Ба ҷуз аз тими наврасони Тоҷикистон (U-17) мунтахаби Афғонистон (3 хол) низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.»,-хабар медиҳад Кумитаи олимпии кишвар

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок карда, барои 16 роҳхати марҳилаи финалӣ талош намуданд.

Ҳамин тариқ, ба ғайр аз тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон (гурӯҳи “Н”), инчунин дастаҳои мунтахаби наврасони Ҷопон (гурӯҳи “А”), Малайзия (гурӯҳи “В”), Қатар (гурӯҳи “С”), Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон (гурӯҳи “D”), Яман (гурӯҳи “Е”), Ветнам, Тайланд (гурӯҳи “F”), Австралия, Чин (гурӯҳи “G”), Эрон, Лаос (гурӯҳи “I”) ва Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “J”) ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023-ро пайдо карданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад