МУВАФФАҚИЯТБеморӣ оилаеро водор ба шутурпарварӣ кард

Беморӣ оилаеро водор ба шутурпарварӣ кард

-

Оилаи Султоновҳо аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  соли 6-ум аст, ки ба шутурпарварӣ машғуланд. Айни ҳол ин оила 6 сар шутур дорад.

Сабаби руй овардан ба шутурпарварӣ, дар як вақт гирифтор шудани се узви ин оила ба бемории гепатити «А»  буд, ки шири шутурро ба ин беморӣ даво гуфтаанд…

Хӯроки шутур асосан янтоқ аст, ки аз ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод дастрас мекунанд. Шутурпарварӣ дар Тоҷикистон рушд наёфатааст ва ин оила шутурҳоро аз ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон харидорӣ кардаанд.

Се шутур ҷӯшоӣ буда, ҳар кадоме  2,5-3  литр шир медиҳад. Як литр шир 50 сомонӣ ва қумрон (ҷурғот)-и он 30 сомонӣ арзиш дорад.

Мизоҷони шири шутур аз ноҳияҳои Б. Ғафуров, Деваштич, Спитамен ва Зафарободу Ҷаббор Расулов ҳастанд.

Барои сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача шутур ҳайвони аҷоибу ҷолиб нест, чунки ҳар рӯз Султоновҳо шутурҳоро ба кӯча мебароранд ва атрофиён тамошо мекунанд.

Шири шутур ба бемориҳои гепотит, анкологӣ ва дамкутаҳӣ даво будааст.

Оилаи Султоновҳо ният доранд як фермаи шутурпарварӣ таъсис дода, саршумори ин ҳайвони бузургҷуссаро афзоиш диҳанд.

Фарзона Муродӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад