ҲАЁТИ СОЛИМИМА барои Ғазза чӣ нақшае дорад?

ИМА барои Ғазза чӣ нақшае дорад?

-

Як қатор аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз нақшаи қатъи ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС дар навори Ғазза ҳимоят кардаанд.
«Ман ӯҳдадории президенти Трампро барои хотима додани ҷанг дар Ғазза ва раҳоии ҳамаи гаравгонҳо истиқбол мекунам.», — навиштааст Макрон дар шабакаи иҷтимоии X.

Нахуствазири Британия Кир Стармер низ нақшаро дастгирӣ намудааст. Вазири корҳои хориҷии Олмон Йоханн Вадефул гуфтааст, ки нақшаи сулҳи Трамп «имконияти нодир» барои хотима додани ҷанги даҳшатнок дар Ғазза аст. Ҳукумати Италия таҳти роҳбарии Ҷорҷия Мелонӣ низ аз тарафҳо хостааст, ки «аз ин имконият истифода баранд ва нақшаро қабул кунанд».
Раиси Шӯрои Аврупо Антониу Кошта навиштааст: «Вазъ дар Ғазза таҳаммулнопазир аст. Ҷанг бояд хотима ёбад ва ҳамаи гаравгонҳо фавран озод карда шаванд».

Қишварҳои арабӣ ва исломӣ аз қабили Саудӣ, Урдун, АМА, Индонезия, Покистон, Туркия, Қатар ва Миср бо нашри баёнияи муштарак «саъйи самимии» Доналд Трампро барои қатъи ҷанг истиқбол намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ӯ қодир аст роҳи сулҳро пайдо кунад.

Онҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ИМА ва ҷонибҳои даргир барои расидан ба созиш ва татбиқи он эълон намуданд, то сулҳ, амният ва субот дар минтақа таъмин гардад.

Нақшаи 20-нуқтаии ИМА рӯзи 29 сентябр аз ҷониби Кохи Сафед нашр шуд. Тибқи он:

дар давоми 72 соат пас аз қабули нақша аз ҷониби Исроил, ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ, ки ҲАМОС нигоҳ медорад, озод карда мешаванд;
Исроил садҳо маҳбусони фаластиниро озод мекунад ва тадриҷан нерӯҳои худро аз навори Ғазза берун мекашад;
Навори Ғазза ба минтақаи ғайринизомӣ, озод аз терроризм табдил меёбад;
ҲАМОС аз ҳар гуна нақш дар идораи он даст мекашад, аъзое, ки силоҳро замин мегузоранд, метавонанд афв шаванд ё кишварро тарк кунанд;
Нерӯҳои байналмилалӣ барои барқарории он ворид мешаванд ва ёрии башардӯстона ба таври густурда расонда мешавад;
Минтақаи иқтисодии махсус таъсис дода мешавад;
Кӯчонидани иҷбории сокинон сурат намегирад;
Дар давраи гузариш навори Ғазза аз ҷониби кумитаи технократӣ идора мешавад, ки аз фаластиниён ва коршиносони байналмилалӣ иборат хоҳад буд;
Ба гуфтаи Трамп, дар кори он ҳатто Тони Блэр ширкат хоҳад кард ва худи ӯ мехоҳад онро роҳбарӣ кунад.
Агар ҳарду ҷониб бо ин нақша мувофиқат кунанд, ҷанг фавран хотима меёбад.
Дар нишасти муштарак бо нахуствазири Исроил Бинямин Нетаняҳу, Трамп изҳор доштааст, ки ӯ нақшаро пазируфтааст. Аммо розигии ҲАМОС то ҳол гирифта нашудааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад