ВАРЗИШЯтимов зарбаҳои ҷониби Қирғизистонро хунсо кард

Ятимов зарбаҳои ҷониби Қирғизистонро хунсо кард

-

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол, тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон мусовӣ (0:0) бозиро анҷом дода, дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро соҳиб гардид. Бозӣ 4-уми июн дар майдони рақиб (Бишкек) барпо шуд.

Дар ин бозӣ Рустам Ятимов дарвозабони тими миллии Тоҷикистон бо маҳорату чолокии хос тавонист ҳама зарбаҳои дастаи рақибро хунсо намояд.

Дар ду даври гузашта мунтахаби Тоҷикистон бар дастаҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо тими миллии мо дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надодааст.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт натоиҷи бозии даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қирғизистон (0:0)-ро шарҳ дода, аз маҳорати бозигарони тими миллии Тоҷикистон тавсиф кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад