БИЗНЕС-КЛУБАввалин электромобили боркаши русӣ муаррифӣ шуд

Аввалин электромобили боркаши русӣ муаррифӣ шуд

-

Ширкати «Электромобил Мануфэкчуринг рус» мошини барқии EVM PRO-ро муаррифӣ кард, ки истеҳсоли васеи он cемоҳаи сеюми соли 2022 оғоз мешавад. Ин мошин бо як бор пур кардани нерӯи барқ то 300 километр масофаро тай карда, 1 тонна бор кашонда метавонад. Қимати ин мошин 3,5 миллион рубл буда, тирамоҳи имсол фурӯши он оғоз мегардад.

«Ин як мошини барқии истеҳсоли ватанӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати Санкт-Петербургии «Электромобил Мануфэкчуринг рус» дар ҳамкорӣ бо УАЗ сохта шудааст», — гуфт Иля Рашкин, директори генералии «Электромобил Мануфэкчуринг рус».

Дар семоҳаи сеюм истеҳсоли силсилавӣ ба нақша гирифта шудааст ва аввалин мошини электрикӣ аз хатти конвейерӣ мебарояд ва дар моҳи сентябр барои харид дастрас мешавад. Тахмин меравад, ки бозори асосии фурӯши EVM PRO хадамоти логистикии дохилишаҳрӣ, хадамоти почта, коммуналӣ ва ғайра хоҳад буд.

«Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба бозор маҳсулотеро, ки айни ҳоло лозим аст, ҳарчи зудтар пешниҳод кунем, зеро ҳоло дар бозор хало вуҷуд дорад. Шумораи зиёди бозигарон рафтанд, нархҳо баланд шуданд, транзит, ки дар бозор соле 20 ҳазор мошин буд, дигар вуҷуд надорад. Бинобар ин, вазифаи мо на аз он иборат аст, ки «конфети зебо» ба вуҷуд оварем, балки ба тиҷорати боркашонӣ воситаи аз ҷиҳати тиҷоратӣ самарабахш додан аст, — таъкид намудааст директори генералии «Электромобил Мануфэкчуринг рус» .

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад