ОЛАМИ МАҶОЗӢСумая гумонбар дар дуздӣ аз ҳамёнҳои мобилӣ

Сумая гумонбар дар дуздӣ аз ҳамёнҳои мобилӣ

-

Сумая Носироваи 19-сола ҳамчун гумонбар дар дуздӣ аз ҳамёнҳои мобилӣ дастгир гардидааст.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе «номбурда шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.
Аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамиёни электронии як нафар савдогар маблағи 4490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.»
Дастгиршуда-Носирова Сумая, санаи 18-уми январи соли ҷорӣ, аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои «Шоҳмансур» низ 7190 сомониашро ба ҳамиёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.
Айни замон, гумонбаршаванда Носирова Сумая дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноят, тафтишот ҷараён дорад.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад