МУВАФФАҚИЯТ40 асари се рассом: аз "Бӯса" то "Шоҳроҳи таърих"

40 асари се рассом: аз «Бӯса» то «Шоҳроҳи таърих»

-

Асарҳои тозаэҷоди се рассоми муваффақи кишвар ба намоиш гузошта шуд. Намоиш  “Базми рангҳо” номгузорӣ гардида, дар Осорхонаи миллӣ аз 5 феврал оғоз ва то аввали моҳи март идома мекунад. Дар намоиш 40 асари тозаэҷоди рассомон – Далер Миҳтоҷов, Эраҷ Олимов  ва Баҳроам Исматов ба маъраз гузошта шудааст. 

Ин  эҷодкорон дар сабкҳои мухталифи санъати мусаввирии тоҷик бо истифода аз услуб ва равияҳои  гуногун  асар офаридаанд. Мазмун ва сабки эҷодии асарҳои онҳоро муносибати хос ба таърихи гузашта, анъанаҳои миллӣ, ҳаёти деҳоти кишвар, рӯзгори мардуми оддӣ, хусусан занону духтарон ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар аксари офаридаҳои онҳо бо истифода бо услубҳои хеш фаровонии ҳама рангҳо ва бештар рангҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст.

Осори офаридаҳои Миҳтоҷов Далер дорои сабку услуби ба худ хос ва мавзуҳои рангин буда, дар онҳо бештар инъикоси давраҳо ва ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ дида мешаванд. Асарҳои хеле ҷолиби ӯ дар ин самт таҳти унвони “Шоҳроҳи таърих” таълиф шудаанд, ки баргирифта илҳом аз деворнигораҳои Панҷакенти қадим мебошанд. Дар онҳо мавзӯҳои фарҳанги оиладорӣ, одоби меҳмондорӣ, қаҳрамонии миллати тоҷик ва санъати волои мусиқии ниёгонамон инъикос шудаанд, ки бо розу рамзкушоӣ ба бинанда таъсири амиқ мерасонад.       

Эҷодиёти Эраҷ Олимов  низ анъанаҳои хоси миллиро инъикос мекунад. Ӯ каҳрамонҳоро воқеӣ – тахаюлӣ тасвир мекунад. Бо ин восита ӯ моҳияти ботинии образҳоро нишон медиҳад.  

Рассом базми рангҳоро дар мисоли базми мардумӣ – яъне хурсандӣ, шодиву нишот, фаровонии дастурхони мардум, ширкати хурду калон тасвир намудааст. Тасвири силсила асарҳои ӯ таҳти унвони “Ранг ва нур”, ки дар онҳо чеҳраҳои духтарони зебои тоҷик бо меваҳои тару тоза рамзи зебоии зиндагӣ ва пайванди наслҳо мебошанд.

Дар асари «Дугона» Эраҷ хеле моҳирона муаммои гузашти айёмро тасвир намудааст, яъне ду тасвири як манзара аз тағйироти аҷоиби деҳаи хурдакак далолат мекунад.

Нигораҳои Баҳром Исматов  бошад бо сабки ба худ хос ва рамзҳои зоҳирии гуногунрангӣ ифода шудаанд. Рассом инсонҳоро дар печутоби пурмуаммои зиндагӣ, хусусан чеҳраи занонро хеле пурасрор тасвир намудааст. Дар асарҳояш “Занон бо фаранҷӣ”, “Ҳарам” ӯ фаранҷиро ҳамчун рамзи асрори зебоии ниҳонии занон тасвир намудааст. Дар асари “Навозандагон дар тӯй” муаллиф духтаронро бо сози мусиқӣ (анъана аз Панҷакенти қадим), бо лаълии хурмо, ё худ аснои навохтани мусиқӣ — ансамбли сенафараи дойра, дутор, таблак тасвир намудааст, ки ин асарҳо рамзи зебоипарастӣ ва урфу одат ва ананаҳои миллии моро бозгӯ мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад