МУВАФФАҚИЯТДенис Пешевич: Pizza хӯроки арзон, вале маъруф аст!

Денис Пешевич: Pizza хӯроки арзон, вале маъруф аст!

-

Денис Пешевич, сарошпази тарабхонаҳои Doradо ва Amani

Ба андозаи Питса (Pizza) хӯроки машҳуреро кам метавон пайдо кард. Бесабаб нест, ки итолиёвиҳо ба ЮНЕСКО муроҷиат кардаанд то ин созмон саҳми ин миллатро барои эҷоди ин хӯрдании маъруф эътироф намояд…

Питса-хӯрок ё газаки арзон дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, маҳсулоташ барои ҳама қишрҳо дастрас аст. Бо гузаштаҳо асрҳо истеъмоли он аз муд нарафта, баръакс, дӯстдоронаш дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамасола 9 феврал «Рӯзи ҷаҳонии Питса» таҷлил мешавад.

Шоми 9 феврал аз Денис Пешевич, сарошпази тарабхонаҳои Doradо ва Amani дар Душанбе хоҳиш намудем, ки таҳия питсаро барои ҷавонон омӯзад.

Аз таърихи Питса
Питса (итолиёӣ: Pizza) як нони ҳамворест, ки дар танӯр, бухорӣ ё тафдон мепазанд ва маъмулан болояш помидор ва панир мегузоранд. Барои тайёр кардани питса аз маводи гуногун (аз қабили ветчина, занбурӯғ, зайтун, пиёз, қаламфури сабз, помидор ва ғайра) истифода мешавад. Питсаи хурдро «Питсзетта» ва шахсеро, ки питса мепазад, «Питсайоло» мегӯянд… Дар аксар маконҳо питсаи буридашударо бо даст мехӯранд.

Истилоҳи питса бори нахуст ба забони лотинӣ дар як дастнавис дар шаҳри Гаэта (ҷануби Итолиё) дар асри 10 мелодӣ ворид шудааст.

Питса дар шакли муосири худ дар аввал дар Неапол дар асрҳои 18 ва ибтидои асри 19 дар хӯрок пухта мешуд. Дар он вақт нон аксар вақт бо ингредиентҳо ба монанди сир, намак, гӯшт, панир ва райҳон пур карда мешуд. Маълум нест, ки помидор бори аввал ба питса кай илова карда шудааст ва дар ин бора иддаои зидди нақиз вуҷуд дорад. 

Тибқи як ривояти муосир, Маргарита Питса соли 1889 ихтироъ шудааст, ки қасри шоҳии Каподимонте аз ошпази худ Рафаэл Эспозито хоҳиш кардааст, ки ба шарафи сафари Малика Маргарита питса тайёр кунад. Малика аз се намуди питсаи тайёркарда питсаи аз се ранги парчами Итолиё тайёршударо  афзалтар донистааст: сурх (помидор), сабз (райҳон) ва сафед (мозарелла ё сир). Шояд ба ҳамин хотир ин навъи питса ба номи Малика «Маргарита Питса» сабт шудааст.

Питса дар охири асри 19 аз ҷониби муҳоҷирони итолиёвӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бурда шуд ва бори аввал дар минтақаҳое пайдо шуд, ки муҳоҷирони итолиёвӣ дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекарданд. Lombardi Pizza-аввалин питсерияи амрикоӣ буд, ки соли 1905 дар Ню Йорк ифтитоҳ шуд.

Таҳияи питса дар тамоми кишварҳо ба назар мерасад ва дар Тоҷикистон низ дӯсторони он кам нест. Ҳоло дар оилаҳо низ онро таҳия мекунанд.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад