ҲАЁТИ СОЛИМФотиҳаи бармаҳал чаро ҷавобгарӣ надорад?

Фотиҳаи бармаҳал чаро ҷавобгарӣ надорад?

-

Раҳнамо Аббосова

Номзадкунӣ ё фотиҳаи бармаҳал то кунун дар баъзе аз нуқоти кишвар ҷой дорад ва чунин ҳолатҳо дар Исфара низ то кунун мушоҳида мешавад.

Раҳнамо Аббосова, ҳуқуқшиноси ТҶ «Умед» аз Исфара нигаронӣ менамояд, ки барои фотиҳаи бармаҳал дар қонунгузории ҳеҷ гуна чораҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ нагардидааст. Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, барои пешгирӣ аз номзадкунии бармаҳали духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат бояд гирад.

«Номзадкунӣ замоне сурат мегирад, ки духтарон соҳиби касбу кор нестанд ва аз илмомӯзӣ дур мешаванд. Ҳамзамон, фикрронии онҳо ҳоло рушд наёфтааст. Зеро, кӯдак ҳастанд Мутаассифона, аз синфҳои 9,10,11 фотиҳа карда истодаанд.»,-мегӯяд бону Раҳнамо.

Cинни никоҳӣ дар Тоҷикистон аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ танҳо то як сол ва танҳо дар асоси қарори суд кам карда мешавад.
Яке аз кормандони Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зуроварӣ дар оила ва баробарии гендерӣ ба мо гуфт, бархе аз занон вақте дар бораи мушкилот ва пошхурии оилаҳои хеш ба ин марказ муроҷиат мекунанд, таъкид менамоянд, ки волидайн қабл аз тӯй назари онҳоро напурсида буданд.

«Ақди никоҳ иттифоқи озодонаи зану мард аст. Ягон никоҳ наметавонад бидуни ризоияти озодона ва пурраи ашхоси ба ақди никоҳ дароянда, то ҳатто бо мақсади накӯкорӣ бошад ҳам, сурат гирад.» (моддаи 12-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, моддаи 23 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ)

Маҷмӯае, ки UN WOMEN дар ҳамкорӣ бо сохторҳои зиддахли Тоҷикистон таҳия кардааст, никоҳҳои барвақтӣ ва маҷбуриро ҳамчун таҷрибаи зараровар унвон кардаанд. 
«Аксар вақт падару модарон, бо кӯшиши барпо намудани хушбахтии фарзандони худ фаромӯш мекунанд, ки фарзандони онҳо аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Инсон аз лаҳзаи таваллуд дорои ҳамаи ҳуқуқҳои фитрӣ аст. Дар вақти ба синни никоҳи расидан ҳуқуқи интихоби ҳамсари ояндаро дорад. Албатта, падару модарон барои тарбия ва некӯаҳволии фарзандони худ масъул ҳастанд. Аммо! Бо ба шавҳар додани духтари худ ё оиладор намудани писари худ то синни никоҳӣ беқарори суд ва ризоияти шахсони ба ақди никоҳ дароянда падару модарон қонунро вайрон мекунанд.»,-зикр мешавад дар ин санад.

Ба бовари дигар ҳуқуқшиносон, оид ба оқибатҳои ҳуқуқи қатъи никоҳ маводу таҳлилҳои гуногун зиёданд, вале дар мавриди оқибатҳои ҳуқуқии бастани никоҳ татқиқоту таҳлилҳо хеле каманд. Бинобар ин, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қонунгузорӣ бояд такмил гардад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи Лоиҳаи “Ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон баҳри ҷомеаи устувор” силсилаи тренингҳоро барои мусоидат ба ҳамбастагии иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, пешгирии низоъ, сулҳофаринӣ, мубориза ба тамғагузории ҷинсӣ баргузор намуд, ки мухотабон  роҳбарии созмонҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва фаъолони ҷомеа буданд. 

Саҳна дар раванди омӯзиш, ки муҳтавояш фотиҳаву никоҳи барвақтӣ ва оқибати ногувори он аст

Дар доираи лоиҳаи “Баробарӣ кафили рушд”, ки ҳамчунин ба мушкили никоҳи бармаҳал ва роҳҳои пешгирии зӯроварии гендерӣ нигаронида шудааст дар Ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт. Ин лоиҳа доираи барномаи грантии Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳравандӣ”, ки лоҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон баҳри ҷомеаи устувор” – ро бо маблағгузории Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид роҳандозӣ кард, татбиқ гардид.

Зиёратхон Алиназарова

Зиёратхон Алиназарова яке аз занони фаъоли шаҳри Исфара аст. Ӯ дар Маркази саломатии деҳаи Чордеҳи Ҷамоати деҳоти Зумрад фаъолият мекунад ва ҳамзамон, вакили маҳаллӣ ва муовини раиси занони деҳа аст.

Ба иттилои ӯ, дар деҳаи  онҳо  фотиҳаи  бармаҳал мушкилии ҷиддӣ боқӣ мондааст, ки ҳатто толибилмони мактабро барвақт номзад мекунанд.

Мутаассифона, духтаронеро, ки ҳанӯз дар синфҳои 5 ва 6 мехонанд, фотиҳаи бармаҳал мекунанд. Ҳатто писаронро низ аз ҳамин синну сол ба фотиҳаи бармаҳал маҷбур мекунанд.

Ҳамчунин, писарони наврасро маҷбур месозанд, то ба номзадии бармаҳал ризоят диҳад. Зӯроварии гендерӣ нисбат ба духтарон аз оғоз шудани фотиҳаи бармаҳал сар мешавад. Аз ин рӯ, Зиёратхон мушкилии муҳими маҳалли худро барои баррасӣ дар аввалин лоиҳааш интихоб кард.

“Дар чорабиниҳои омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ”, ки лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон баҳри ҷомеаи устувор” дар соли 2024 – ро дар шаҳри Исфара татбиқ мекунад, ширкат варзидем. Ташкилоти мазкур пас аз гузаронидани силсила омӯзишҳо бо занҳои фаъоли шаҳри Исфара барномаи грантҳои худро пешниҳод кард”,- гуфт ӯ.

Абдураҳим Раҳмонов

Зимнан, Абдураҳим Раҳмонов раиси маҳаллаи Чордеҳи Ҷамоати деҳоти Зумрад мегӯяд, бояд мусоидат кард, ки духтарон таҳсил намоянд. «Бинобар ин, бояд духтаронро ҳамеша дастгирӣ кунем. Тақдири духтарро ҳеҷ кас кафолат намедиҳад. Ҳамаатон дидед, ин никоҳҳои барвақтӣ, ки ҳозир мешавад, чӣ ҳосил дода  истодааст.»,-афзӯд ӯ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад