МУВАФФАҚИЯТБозии мусовии наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони булғористониашон

Бозии мусовии наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони булғористониашон

-

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Анталияи Туркия бозии нахустини санҷишияшро пушти сар кард. Рақиби наврасони мо дар ин бозӣ мунтахаби наврасони то 16 солаи Булғористон буд.

«Бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Голи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Масрур Ғафуров ба ҳадаф расонд.», -иттилоъ медиҳад Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталия мунтахаби наврсони Тоҷикистон боз се бозии санҷишиву дӯстона мегузаронад. Дар бозии дӯюми дӯстона, ки рӯзи шанбеи 29-уми январ доир хоҳад шуд, дастаи Зайниддин Раҳимов бо наврасони то 17 солаи Академияи бошгоҳи футболи “Краснодар”-и Федератсияи Руссия бозӣ мекунад. Рӯзи душанбеи 31-уми январ бошад наврасони Тоҷикистон дубора бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозӣ мекунанд. Бозии ҷамъбастии санҷишии худро дар доираи ҷамъомади таълимию машқӣ дар Туркия мунтахаби наврсони Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал муқобили наврасони худ аз давлати Мексика мегузаронад.

Баъд аз анҷоми ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд” ба Мински Беларус сафар мекунад. Мусобиқаи мазкур аз 5 то 14 феврал баргузор хоҳад шуд.

Акс аз сомонаи http://fft.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад