МУВАФФАҚИЯТBentley то соли 2030 танҳо электромобил истеҳсол мекунад

Bentley то соли 2030 танҳо электромобил истеҳсол мекунад

-

Ширкати бузурги мошинсозии Bentley эълон кард, ки миллиардҳо долларро барои суръат бахшидан ба нақшаи рушди мошинҳои электрикии худ сарф мекунад ва ба дигар брендҳои автомобилӣ, ки аз муҳаррикҳои бензинӣ дур мешаванд, ҳамроҳ мегардад.

Ширкати мошинсозии бритониёии Bentley Motors тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 танҳо мошинҳои электрикӣ истеҳсол кунад ва ба ин мақсад 2,5 миллиард фунт стерлинг (тақрибан 3,4 миллиард доллар) ҷудо менамояд.

Bentley, ки ба ширкати автомобилсозии олмонии Volkswagen тааллуқ дорад, ҳадафи барқӣ кунонидани худро дар соли 2020 ҳамчун як қисми асосии нақшаи табдили тиҷоратии «Beyond100» эълон карда буд.

Bentley сарфи назар аз мушкилот, соли дуюм пайи ҳам рекорди фурӯши мошинро шикастааст. Ширкат дар соли гузашта 14,659 мошин фурӯхтааст, ки ин аз рекорди соли 2020, ки 11,206 мошин буд, 31% зиёдтар мебошад.

Акс аз https://www.cnbc.com/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад