НАВИД8 голи дастаи занонаи Узбекистон ба дарвозаи рақибони тоҷикистониашон

8 голи дастаи занонаи Узбекистон ба дарвозаи рақибони тоҷикистониашон

-

Бозии охири даври дуюми Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пирӯзии дастаи меҳмон анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон дар ин давр бо мунтахаби Узбекистон рақобат намуд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 8:1 ба фоидаи мунтахаби футзали занонаи Узбекистон анҷом ёфт. Голи ягонаи дастаи моро Ҷонона Қурбонова ба нишон расонд. Чемпиони феълии Осиё мунтахаби футзали занонаи Эрон ғалабаи сеюми худро ба даст овард. Дар ин давр бонувони футзалбози Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби футзали занонаи Қирғизистон 10 голи беҷавоб заданд.

Баъди се даври бозиҳо мунтахаби футзали занонаи Эрон бо 9 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа шуд ва Узбекистон бо 6 имтиёз дар мақоми дуюм, мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 1 имтиёзӣ дар мақомҳои сеюму чорум қарор доранд.

Имрӯз, 25-уми январ бозиҳои даври якуми қисмати дуюми мусобиқа баргузор хоханд шуд. Дар ин давр Эрон бо Қирғизистон (15:00) ва Узбекистон бо Тоҷикистон (18:00) вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA байни дастаҳои футзали занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду қисм баргузор мешавад ва ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.

Дар пайи ҷамъбасти се давр тими Эрон бо нуҳ хол пешсафи ҷадвал мебошад. Дастаи Ӯзбекистон соҳиби шаш хол аст. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон, ки якхолӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои се ва чор қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон ду бозии қаблияшро бо Қирғизистон 1:1 ва бо Эрон 0:12 ба поён расонида буд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад