МУВАФФАҚИЯТМунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2026 рафт

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2026 рафт

-

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро ба Ҷоми Осиё-2026 гусел кард. Имшаб дастаи мо ба шаҳри Дубай парвоз карда, онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро мегузаронад.
Пеш аз сафар ба АМА ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов бо даста вохӯрда, аҳамияти мусобиқаи дарпешистодаро таъкид карданд ва ба имкониятҳои даста эътимод изҳор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбати гарму самимӣ, роҳбарияти ФФТ ба даста дар Ҷоми Осиё-2026, ки аз 5 то 22 май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дар роҳи муаррифии кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 муваффақият таманно намуд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) рақобат мекунад.
Манбаъ: ФФТ
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад