БИЗНЕС-КЛУБТасвири «Товуси»-и девори ҳамсоя Алиёрро рассом кард

Тасвири «Товуси»-и девори ҳамсоя Алиёрро рассом кард

-

Алиёр Акбаров, ҷавони 26 – солаи тоҷик рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ ва дизайнерӣ мекунад ва аз ин ҳисоб рӯзғорашро пеш мебарад.

Алиёр аз овони хурдӣ санъати рассомӣ майл пайдо мекунад. Ҳар вақт, ки падараш китоб меовард ӯ танҳо ба аксҳои китоб назар меафкандааст.

Барои Алиёр бозичаҳои кӯдакона аҳамияте надоштааст ва ӯ бо ҳамсолони худ бозӣ накарда, дар кунҷи хона ҳамарӯза расм мекашидааст. 

“Вақте 6-сола будам, дар девори хонаи ҳамсоя манзараи аҷиберо дидам. Он тасвири товус буд. Тасмим гирифтам, ки онро тасвир мекунам. Агарчи зебо офарида натавонистам, вале ин оғози пайроҳаи рассомӣ бароям буд.»,-ба ёд овард Алиёр Акбаров.

Ӯ ибтидо мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Исфара ва баъдан Колеҷи санъати шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Муддате дар муҳоҷират буд ва дар Русия ба ҳайси фурӯшанда кор кардааст. 

“Пас аз кор ба тасвири ҳар гуна ашёҳо машғул мешудам. Чанде аз шиносони русам ба ман тавсия доданд, ки ту ин корамро тарк накунам. Дар аввал фикр мекардам, ки Тоҷикистон барои идомаи ин ҳунарам мусоид нест. Хушбахтона, имрӯз эҳсос кардам, ки тамом шароиту имконот муҳайё аст.”,- таъкид намуд Алиёр.

Алиёр Акбаров барои рушди ҳунари хеш ба Олмону Фаронса сафар кардааст. Ҳамзамон дар якчанд озмуну намоишгоҳи ин кишварҳо ширкат ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Ҳоло фармоиш қабул намуда, аз ин ҳисоб маблағ ба даст меорад.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад