ОЛАМИ МАҶОЗӢҚаллобон аз номи СММ низ истифода кардаанд

Қаллобон аз номи СММ низ истифода кардаанд

-

Қаллобон аз номи бонуфӯзтарин ниҳоди байналмилалӣ-СММ истифода кардаанд. 

Бинобар ин, СММ аксул амал нишон дода, даъват кардааст, ки ба ҳар гуна эълон ва мактубе, ки аз номи ин ниҳод ба нишонии онҳо ворид мегардад, бовар накунанд.

«Ба Созмони Милали Муттаҳид маълум гаштааст, ки тавассути почтаи электронӣ, вебсайтҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо, хабарҳои мухталифе, ки бардурӯғ аз номи Созмони Милали Муттаҳид ва/ё шахсони мансабдори он бо истифодаи ном ё рамзи СММ муаррифӣ мешаванд, паҳн карда мешаванд. Сухан дар бораи қаллобоне меравад, ки метавонанд аз гирандагони чунин мукотиба пул ва/ё маълумоти шахсиро тасарруф намоянд.», -омадааст дар муроҷиатномаи СМММ

Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад шаҳрвандонро аз ин амалҳои қаллобӣ, ки аз номи СММ ва/ё шахсони мансабдори он паҳн мешаванд, огоҳ намояд. 

Бояд донист:

• Созмони Милали Муттаҳид дар ягон марҳилаи ба кор ҷалбкунӣ (ариза\анкетасупорӣ, мусоҳиба, коркарди маълумот ё омӯзиш) ягон намуди пардохт намеситонад.

• Созмони Милали Муттаҳид ҳеҷ гуна маълумотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ ё дигар маълумоти шахсии шуморо талаб намекунад.

• Созмони Милали Муттаҳид дар ягон марҳилаи раванди интихоби озмун барои харид ва маводҳо маблағ намегирад. Маълумоти иловагиро дар сомонаи СММ оид ба харид ва таъминот дастрас кардан мумкин аст.

• Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаҳо, тӯҳфаҳо, пули нақд, сертификатҳо, стипендияҳо ё лотереяҳоро тавассути почтаи электронӣ, почта ё факс пешниҳод намекунад ва барои соҳиб шудан ба онҳо маблағ талаб намекунад.

Қаблан аз номи ширкатҳои тиҷоратӣ, шахсони бонуфӯз ва ғайра низ қаллобон истифода кардаанд. 


Ҳуҷҷати ғайрирасмӣ. Танҳо барои маълумот.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад