МУВАФФАҚИЯТНамоиши филми фошсозандаи асрори ронандагони таксӣ дар моҳи март

Намоиши филми фошсозандаи асрори ронандагони таксӣ дар моҳи март

-

Раванди банаворгирии филм

Банаворгирии силсилафилми  “Уқоб ва бум” ё “Фитна” аз ҷониби коргардони ҷавони тоҷик Ҷайҳун Насимӣ  анҷом ёфта, ҳайати эҷодӣ ба танзиму садогузории филм машғуланд.

“Аллакай ду қисмашро ба навор гирифтем. Дар умум нақша дорем, ки филмро  ба 8 қисм расонем. Чун мавзӯъ васеъ буда, ба шохаҳо ҷудо мешавад. Сужаи асосӣ бобати 4 рафиқ (4 ронандаи таксӣ) нақл мекунад, ки саргузаштҳои зиёде доранд.”-иттилоъ дод Насимӣ.  

Моҳи марти соли равон намоиши нахустини филм дар назар буда, баъд аз ин, коргардони филм мехоҳад платфорамаеро дар шабакаи интернет бо номи kinobomo.com роҳандозӣ ва аз ин тариқ филми “Уқоб ва бум”-ро ба намоиш гузорад. Инчунин дигар маҳсули эҷодашро.

Ин филм дар Тоҷикистон сабт шуда, бобати рӯзгори чор ронандаи таксӣ нақл мекунад.

Филм ба он хотир “Уқоб ва бум” номгузорӣ шудааст, ки уқоб рӯзона сайди худро ба даст меораду бум ё ҷуғз шабона ва ин ронандагони таксӣ низ айни ҳамин корро шабу рӯз мекунанд.

Чор ронандаи таксӣ, ки дар нақши марказии филм ҳастанд,  рӯзона кирокашӣ ва шабона корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барои дигарон муаммо аст.

“Боре бобати ронандагони мусофиркаш андешидам, ки инҳо рӯзона чӣ кор мекарда бошанд ва шабона чӣ коре?! Бинобар ин, филмномаро навиштам, ки дар шакли детектив ва триллер пешниҳоди бинанда мегардад.”-ёдовар шуд коргардони ҷавон Ҷайҳун Насимӣ.

Ба қавли Насимӣ, филмҳои ӯ дар бораи рӯзгор ва мушкилоти ҷавонон аст. Зеро, дар ҷомеа нақши ҷавонон бузург  аст. Ҳатто филмро низ як ҷавони тоҷики муқими Амрико бо номи Манучеҳр сармоягузорӣ мекунад.

Ҷайҳун Насимӣ соли 1986 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, дар ин ноҳия мактаби миёна ва литсейи туркиро хатм кардааст. Дар хурдӣ ҳеҷ гоҳ на орзуи ҳунарманди соҳаи кино шуданро кардаасту на коргардониро. Ҳатто фикр ҳам намекард, ки рӯзе филми тоҷикро ба Голлевуд мебарад.

Насимӣ забони туркию англисиро дар литсейи туркӣ аз худ карда, дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон забони русию олмониро омӯхтааст.

«Ман пас аз хатми мактаби миёна ба литсейи туркӣ дохил шудам ва дар он ҷо ҳама дарсҳо бо забони хориҷӣ буд, ки ин барои ман хеле душвор буд. Вале ин душвориҳо ба ман фоида бахшид. Зеро, забони англисиро мукаммал аз худ намудам,»- ба ёд меорад Ҷайҳун Насимӣ.

Ҷайҳун Насимӣ соли 2017 филми «Шикастнопазир»-ро (Unfallen) пешкаши тамошобин гардонид.  Филми мазкур дар «Голливуд»- и ИМА ба навор гирифта шуда, дар бораи ду бародари дугоники тоҷик нақл мекунад. Мувофиқи сужаи филм, бародарон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз якдигар ҷудо мешаванд ва яке ба Амрико мераваду дуввумӣ ба Афғонистон рафта, ҷангҷӯи гуруҳи террористии «Толибон» мегардад. Пас аз чанд сол бародарон дар ҷанги Афғонистон бо ҳамдигар вомехӯранд. Ин вохӯрӣ барои онҳо як таконе гардида, онҳо мефаҳманд бо ҳам бародар ҳастанд. Пас аз ин бародарон бо ҳам якҷо шуда, корҳои толибон ва сарбозони Амрикоро фош мекунанд.

Ин нахусти филми Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолливуд буд ва дар он ҳунарпешаҳои машҳур Майкл Мэдсен ва Ҷеймс Ҳонг нақш офаридаанд, ки бо коргардони шинохта Квентин Тарантино ҳамкорӣ доштаанд. Дар ин филм ҳамчунин чаҳор ҳунарпешаи тоҷик низ нақш иҷро карда буданд.

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад