МУВАФФАҚИЯТКори як ҷавони тоҷик дар сирки Чин (Видео)

Кори як ҷавони тоҷик дар сирки Чин (Видео)

-

Беҳрӯз Убайдов. Аксҳо аз хазинаи қаҳрамон

Беҳрӯз Убайдов соли панҷум аст, ки дар яке аз сиркҳои Чин бо аспбозиаш меҳмонони сиркро хушҳол месозад.

Ин ҷавони тоҷик пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ нарафт. Ӯ аз бародараш Фирӯз, ки таҷрибаи кор дар сиркҳои Тоҷикистону Хитойро дошт, аспбозиро муддати як моҳ омӯхт ва ба Хитой сафар кард.

Ӯ аз замони кӯдакӣ ба аспсаворӣ шавқи зиёд дошт ва дар андак замоне бо роҳнамоии бародараш аспбозиро аз худ кард ва дар яке аз Сиркҳои маъруфи Чин ба кор пардохт.

Беҳрӯз мегӯяд, кор дар сиркҳои Хитой осон нест, вале вақте корро дӯст медорӣ ва аз ин ҳисоб нон пайдо мекунӣ, мушкилиҳо садди роҳ шуда наметавонанд.

“Кор бо асп бисёр мушкил аст. Агар аз болои асп ногаҳон афтӣ, ҳатман осеб мебинӣ. Аммо меҳрам ба ин кор зиёд аст ва бидуни ин кор худамро тасаввур карда наметавонам.”, -таъкид меварзад ӯ.

Қаҳрамони мо аспсаворӣ намекунад, балки аспбозӣ мекунад. Ӯ дар ҳама ҳолат метавонад болои асп барояд ё аз он поён шавад. Ҳатто дар ҳолати давидани асп болои асп рост меистад.

Беҳрӯз аз шароити кору зиндагиаш дар Чин қаноатманд аст. Роҳбарияти сирк ба ӯ  кору ҷойи хоб фароҳам овардаанд.

Беҳрӯз бо сирки чинӣ шартномаи 10-сола дорад. Охирин бор соли 2018 аз Ватан дидан карда, ният дорад пас аз як ё ду сол рухсатӣ гирифта ба дидорбинии аҳли оила ояд. Ӯ ҳоло 25 сол дорад ва оиладор нест.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад