ҲАЁТИ СОЛИМКӯдакон чӣ гуна телефону планшетро истифода кунанд?

Кӯдакон чӣ гуна телефону планшетро истифода кунанд?

-

Акс аз шабакаи интернет

Вазорати маориф ва илми кишвар, лоиҳаи тартиби навро таҳия дорад, ки дар сурати дастгирии он, истифодаи телефонҳои мобилӣ, планшет ва дигар воситаи электронӣ барои хонандагон дар мактаб иҷозат дода мешавад.

Суоли матраҳ ин аст, ки оё истифодаи телефони мобилӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ба раванди таълим, саломатии ҷисмонӣ ва руҳияи ноболиғон чӣ таъсир мерасонад?

Дар асри рақамӣ, ки истифодаи телефон ва дигар воситаҳои техникиву электронӣ ба таври васеъ маъмул гаштааст, аксарият бар он назаранд, ки истифодаи ин воситаҳо барои хонандагон дар мактаб низ муфид мебошанд. Истифодаи телефон метавонад дар раванди таълим ба хонанда сарчашмаҳои бештари таълимӣ, маълумоти даркорӣ, китобхонаҳои электронӣ, наворҳои омӯзишӣ, ва дигар маводҳои таълимиро таъмин сохта, муҳити васеъи донишомӯзиро фароҳам оварад. Илова бар ин, истифодаи телефонро барои сарфаи вақт дар раванди ҷустуҷӯ ва дастрас кардани маводи таълимӣ муфид медонанд..

Имрӯз наврасон мавҷудияти интернет ва ҷаҳони рақамиро дар ҳаёти ҳаррӯзаи волидонашон мебинанд ва эҳсос мекунанд. Истифодаи хадамоти гуногуни онлайнӣ, пардохт ва харид дар интернет, зангҳои видеоӣ, таълими илмҳои нав дар интернет танҳо ҷанбаҳои оддӣ ва ҳамарӯзаи ҳаёти рақамии мардуми имрӯз аст.

Дар ин росто, масъулияти густариши саводнокии рақамӣ дар байни фарзандони насли нав бар дӯши тамоми аъзои ҷомеа, аз соҳибкорону ҳукумат то омӯзгорону аъзои оила аст. Бозингарони соҳа бояд барои тавлиди мундариҷа ва абзорҳои мувофиқ ва дастрас ташвиқ карда шаванд…

Ҳар рӯз мо дар бораи гигиена ё беҳдошти хеш ғамхорӣ мекунем ва ҳаёти худро аз он вобаста медонем. Дандону даст мешӯем.

Аммо як чизи дигар аст, ки гигиенаи рақамӣ ном бурда мешавад. Албатта, мо телефонҳои худро бо об намешӯем, аммо қоидаҳое ҳастанд, ки бояд ба хотири бехатарии худ ва технологияамон риоя шаванд.

Гигиенаи рақамӣ чист?

Гигиенаи рақамӣ ҳифзи ҷаҳони рақамии шахсии мост.

Ин ҳама дар бораи амниятест, ки мо барои худамон ва махсусан барои кӯдакони худ таъмин мекунем то онҳоро аз ҷаҳони рақамии баъзан бераҳмона муҳофизат кунем.

Волидон вазифадоранд, ки фарзандони худро дар бораи истифодаи дастгоҳҳои рақамӣ таълим диҳанд: эҷоди рамзҳои қавӣ, худдорӣ аз мубодилаи маълумоти шахсӣ, сарфаи вақт.

Модар фарзандашро аз хатарҳои олами маҷозӣ ҳифз мекунад. Акс аз шабакаи интернет

Мо бояд гигиенаи рақамиро ҳамчун реҷаи ҳаррӯза муқаррар кунем, ҳамон тавре ки мо ба гигиенаи шахсии худ ғамхорӣ мекунем.

Кӯдакон бояд фаҳманд, ки гигиенаи рақамӣ мисли шустани дасту дандон муҳим аст.

Агар шумо истифодаи телефонро барои фарзандони худ иҷозат медиҳед, пас аз ин тавсияҳои мутахассисон истифода баред:

— Баро кӯдак телефони арзишманд харидорӣ накунед. Телефони талаботи кӯдакро қонеъ карда тавонад кофист;

— Функсияи «Ҷойгиршавӣ» «Местоположение» — ро да телефони кӯдак фаъол карда, ба куҷо рафтани ӯро назорат кунед;

— Аккаунти телефони кӯдакро ба режими «барои кӯдак» (для ребенок) пайваст карда, раванди истифодаи онро аз телефони назорат кунед;

— Инчунин шумо метавонад як аккаунти оилавӣ сохта ҳама телефонҳоро ба он пайваст кунед ва бо ин роҳ назоратро осонтар намоед;

— Барномаҳои нолозимро дар телефони кӯдак хомӯш ва ё пок созед;

— Рамзи телефонро низ ва изи ангушти худро гузоред;

— Истифодаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоиеро ки ба сину соли кӯдак мувофиқ нест, манъ кунед.

— Ҳамарӯза телефони кӯдакро ташхис ва назорат кунед.

— Дар бораи тарзи дурусти истифодаи телефон ба кӯдак машварат диҳед;

— Дар аксар телефонҳо функсияи «назорати волидайн» (родительский контроль) мавҷуд аст, ин реҷаро фаъол созед;

-Агар истифодаи шабакаи  YouTube барои кӯдак муҳим набошад, ба ҷои YouTube — и маъмулӣ You Tube Kids , ки барои кӯдакон аст, насб кунед;

— Шабакаи Google барномаеро бо номи Google Family Link тарҳрезӣ кардааст, ки ба он метавонед телефонҳо ҳама аъзои оиларо пайваст карда фаъолияти онҳоро танзим ва назорат кунед.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
4
+1
1
+1
0
+1
1
+1
2
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз...

Вакилон аз тағйирот ба созишнома оид ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия

Имрӯз, 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид...

Дар соҳаи тандурустӣ 1432 мутахассис намерасад

Норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ соли гузашта 1432 нафарро ташкил додааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза "бидуни кам кардани маош" аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia...
spot_imgspot_img

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар...

Рақобат барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 7 апрел озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад