МУВАФФАҚИЯТШодмон Ризоев: амакам истеъдодамро мушоҳида ва маро ба мактаби...

Шодмон Ризоев: амакам истеъдодамро мушоҳида ва маро ба мактаби варзишӣ овард

-

Шодмон аз тарафи рост нафари дуюм

Шодмон Ризоев баъди ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати “Осиё-Уқёнусия 2021” боз барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 омодагӣ мебинад.

Шодмони 21-сола яке аз варзишгарони муваффақи кишвар буда, 20-уми декабри соли 2001 дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Кулоб ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз замони хурдсолӣ ба варзиш майлу рағбати зиёд пайдо мекунад. Аввалин майдондориашро аз мусобиқаҳои гуштин, ки дар ҷашни Наврӯз баргузор мешаванд, шурӯъ намудааст.

«Дар кадом деҳае, ки гуштингирӣ ташкил мешуд, ман иштирок мекардам. Гоҳҳо ғолиб, гоҳҳо мағлуб мешудам, вале руҳафтода намегардидам. Амакам Хайриддин Ризоев маро зиёд мушоҳида мекард. Як рӯз ба ман таклиф кард то ба варзишгоҳ равем. Ман розӣ шудам ва ӯ маро ба шаҳри Душанбе оварда ба мактаб-интернати варзишӣ супурд. Дар ин мактаб зери назар устодам Салим Ахмедов тамринро оғоз кардам«. – ба ёд меорад Шодмон Ризоев.

Аз соли 2013 Шодмон Ризоев ба майдони мусобиқаҳои варзишӣ роҳ ёфт. Тӯли як сол дар чандин мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат карда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.  Ӯ инчунин барандаи Ҷоми Президент ва Ҷоми Осиё мебошад.

«Аввалин иштирокам дар мусобиқаи берун аз кишвар соли 2014 буд, ки ба Қазоқистон сафар намудам, вале дар даври аввали сабқат мағлуб шудам. Баъдан ба Ватан баргашта, тамрину машқҳоямро зиёд кардам. Соли 2017 барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки дар Ӯзбакистон баргузор шуд, роҳхат гирифтам. Дар ин мусобиқа дар вазни 50кг сазовори ҷойи аввал гардидам. Бори дигар соли 2019 дар чемпионати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ванҷ мақоми аввалро касб кардам. Баъди ин ғолибиятҳо маро барои иштирок дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тайпеи Чин баргузор шуд, сафарбар карданд. Дар ин мусобиқа ба 4 ҳарифи худ ғалаба кардам, вале дар вохурии финалӣ аз рақиби ҷопониам шикаст хурда мақоми дувумро соҳиб шудам.», — мегӯяд Шодмон Ризоев.

Истиқболи Шодмон дар фурудгоҳ

Шодмон Ризоев дар Чемпионати «Осиё-Уқёнусия 2021», ки рӯзҳои 4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд,  иштирок намуд. Ӯ  бар 3 ҳарифи худ аз Корея,  Қазоқистон ва Ӯзбекистон ғалаба карда, дар финал бо варзишгари тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷаллилов сабқат кард. Ӯ барандаи ҷойи аввали ин мусобиқа гардид.

Дар соли 2022 дар мусобиқаи Grand Prix ва Grand Slan дар Португалия иштирок мекунад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад