БИЗНЕС-КЛУБЧор хато ва чор картаи асосӣ дар тарабхонадорӣ аз...

Чор хато ва чор картаи асосӣ дар тарабхонадорӣ аз нигоҳи роҳбари лоиҳаи Menu.tj

-

Раҳим Ҳақбердиев, поягузори платформаи menu.tj  ва яке аз муассисони “Сим-Сим” дар бораи чор хато ва чор картаи асосӣ дар тиҷорати тарабхонадорӣ нақл мекунад

Хатои 1

Сарфаҷӯӣ дар комил кардани ҳайати кормандон. Як нафар дар майдон ҷанговар маҳсуб намешавад. Барои кори босамар, команда лозим буда, ҳамагӣ бояд касбӣ бошанд.

Дар тиҷорати тарабахонадорӣ бояд ҳама касбӣ бошад: пешхизмат, мутасаддии бар (бармен), муъмур (администратор) ҳатто табақшӯ!

Агар шумо сарфа мекунед, бояд донед, ки фоидаи хуб ба даст намеоред.

Хатои 2

Таҳаммул. Агар тарабхона ё муассисаи Шумо муддати се моҳ ҳеҷ гуна натиҷа надод. Вақтро аз даст надиҳед ва ба кори дигар машғул шавед.

Мо чунин фикр мекунем, ки метавонам! Бароямон андешаи нафари дигар лозим нест. Аммо чунин фикр, ки тарабхона боз кардам, кор мекунам- як хатои бузурги мост.

Хатои 3

Омезиши консепт

Вақте тарабхонаи чинӣ боз мекунем, ғайри қобили қабул аст, ки дар он оши палов пешниҳоди муштарӣ намоем.  Аммо дар мо чунин ҳолат зиёд во мехӯрад.

Таъомнома (Меню) муҳим буда, бояд донем, ки мо чи гуна ошхона боз мекунем. Баъд аз он, атрофи он муҳит бояд сохт.

Хатои 4

Тарабхона барои тарабхона. Тарабхона-пеш аз ҳама тиҷорат аст

Тиҷорат ин:

Қонунгузорӣ;

Техналогия;

Маркетинг ва рекалама;

Уҳдадории иҷтимоӣ.

Ин таҷриба дар мо дида мешавад. Аксарият тарабхона боз мекунанд, муҳим будани он аст ва сипас ҳайати кормандонро гирд меоваранд.

Бояд маркентинг ва рекалама дуруст ба роҳ монда шавад. Инчунин уҳдадории иҷтимоӣ бояд эҳсос шавад, зеро, шумо мардумро хурок медиҳед. Вақте тарабхона боз мекунед, назди мардум масъулед.

Чор картаи асосӣ

Картаи 1

Дар ҷойи кори ман пешхизмат чеҳраи аслӣ маҳсуб мешавад. Барои ман пешхизмат нафарест, ки муҳит месозад, бо меҳмонон кор мекунад. Чуноне ки дар майдони футбол Месси форворд (ҳуҷумкунандаи асосӣ) аст, пешхизмат барои ман низ ин мақомро дорад.

Ошпаз бояд шарик бошад, бо ӯ бояд нишаста ҳама масъалларо муҳокима кард. Агар ошпазро ҳамчуни шарик мебинед, ӯ ҳама ташаббусҳоятонро дастигрӣ мекунад.

Картаи 2

Интихоби мавқеи дуруст. Муҳим нест, ки ҷойи интихобкардаатон барои тарабхона маркази шаҳр бошад.

Картаи 3

Ту наметавонӣ ҳама чизро донӣ ва ҳамеша ҳақ бошӣ. Хоҳиши ту- ҳалли масъалла нест!

Тарабхона моликияти як нафар нест, он иншоотест, ки  ки ҳар як меҳмон талабот дорад.

Картаи 4

Суръат. Суръати максималии дастрас намудани ғизо ба муштарӣ буда, ин натиҷа медиҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад