МУВАФФАҚИЯТНаворе ки 200 миллион нафар дидаанд. Он дар бораи...

Наворе ки 200 миллион нафар дидаанд. Он дар бораи чист?

-

Як навори телевизиони маҳаллии Тоҷикистонро дар интернет 200 миллион бинанда тамошо кардаанд. Ин наворро Телевизиони маҳаллии ҷамаоти Ғӯлаканадози ноҳияи Ҷаббор Расулов омода кардааст. Навор “Смуглянка” ном дошта, камтар аз 11 дақиқа аст. Суруди ҳарбии солҳои ҶБВ-и “Смуглянка”-ро кӯдакони кӯдакистони №6 бо номи “Гулшан”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов месароянд.

Муродҷон Вайдуллев, директори “ТВ Ғулакандоз” мегӯяд, бо кӯдакон кор кардан осон набуд. Барои омӯзонидани онҳо хеле вақт сарф намуданду ин заҳамот босамар буд:

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин клипи видеоӣ назари мусбату манфӣ зиёд буд. Мо аз ин рӯҳафтода нашудем. Зеро, мақсади асосӣ нишон додани муборизаҳои ватандӯстонаи падарону бобоёни мо дар солҳои ҶБВ ба насли имрӯз буд. Чун имрӯз ҷавонон дар Интернет бисёр мешинанд ва зери таъсири маълумоти бардурӯғ, ки гӯё артиши Шӯравӣ ғосиб буд, мемонанд. Имрӯз Иди ғалабаро дар баъзе кишварҳои Аврупо эътироф намекунанд. Тариқи ролики “Смуглянка” нишон доданӣ шудем, ки падару бобоёни мо барои ҳифзи Ватан-Модар ҷанг карда буданд, на бо ҳадафи ғасб!”, — шарҳ дод Муродҷон Вайдуллоев.

Ба иттилои Муродҷон Вайдуллев, директори телевизиони мазкур, муаллифи сенарияи ин видеоклип Баҳодур Мӯъминов аст.

Ин навор обуначиёни телевизиони Ғулакандозро дар youtube, ок.ru ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб афуд.

Навори “Смуглянка”-ро дар youtube беш аз 8 миллион ва дар ок.ru ҳудуди 20 миллион нафар дидаанд. Дар vk, Instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ин навор сертамошобин буду то ҳол ҳаст.

Аз соли соли 2017 ин телевизион дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуд.

Ролики дигари сертамошобини “ТВ Ғӯлакандоз” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахшида ба 70 – умин солгарди ситораи синамои Ҳинд, Ҳема Малини аст, ки маҳз барои калонсолон таҳия шудааст.

“Дар замони Шӯравӣ филми ҳиндӣ маҳбубияти зиёде дошт. Ҷавононои замони Шӯравӣ, ки имрӯз аксрият калонсол ҳастанд, ҷавонии худро дар филмҳои ҳиндии ҳамон солҳо медиданд.

Вақте дар кинотетарҳо филми ҳиндӣ меомад, одамон барои зудтар ворид шудан ба толор ва ҷойи муносиб гирифтан якдигарро тела дода маҷрӯҳ ҳам мекардаанд. Хостем, бо ҳасрати он солҳо ролике таҳия кунем, ки барои насли калонсол мақбул бошад. Дар ролики “Ҳема Малинии хурдакак аз Тоҷикистон” низ аз ҳунари кӯдакон истифода намудем.

Саҳнаҳое аз фимлҳои “Қасос ва Қонун” ва “Зита ва Гита” интихоб намудем, ки дар он “Ҳема Малини”-и тоҷикистонӣ зери сурудҳои ҷаззоб рақс мекунад. Яъне, айнан ҳамин саҳнаҳоро мо ба навор гирифтем. Нақши Ҳема Малиниро духтараке бозӣ мекунад, ки ҳамаи унсурҳои рақси ҳунарпешаро моҳирона тақлид мекунад. Таҳиягари он Қосим Саидхӯҷаев ва сенариянавис Баҳодур Мӯъминов мебошанд. Ролик давоми 20 рӯз ба навор гирифта шуд. Бачаҳо давоми 1 моҳ онро омода карданд. Мақсад аз таҳияи ролик зинда кардани хотираҳои калонсолон буд.”, — меафзояд Муродҷон Вайдуллоев.

Телевизиони маҳаллии ҷамаоти Ғӯлаканадози ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсоли Истиқлол аст. Имрӯз телевизион 12 соат эфир дорад.

“Заминаи таъсиси телевизиони маҳаллли “ТВ Ғӯлакандоз” – ро ду нафар асос гузоштаанд. Хизмати Абдуғаффор Самадов, ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, ки қариб 50 сол раиси колхози ба номи Ленин буд, хеле назаррас гуфта мешавад. Бо супоирши ӯ ба Ғӯлакандоз соли 1991 аз Тошканд мавҷпарокан меоранд. Мақсад аз овардани ин дастгоҳ пахш кардани барномаҳои телевизионҳои Тошканд дар собиқ ноҳияҳои Пролетар ва Нов (Ҷаббор Расулов ва Спитамен) буд. Баъадан, бо ҳаракати Абдуқодир Тошматов, ки солҳои 90 – ум аз камтарин мутахассисони видеоӣ буд, соли 1988 студияи “Парвоз” ташкил мешавад. Он солҳо студияи мазкур фақат бо сабту танзими тӯю маъракаҳо машғул буд. Ҳамин тариқ, дар заминаи студияи “Парвоз” бо супориши Абдуғаффор Самадов ва ҳаракати Абдуқодир Тошматов телевизиони “ТВ Ғӯлакандоз” ташкил мешавад.

Аз рӯйи гуфтаи Абдуғаффор Самадов, бачаҳои телевизион аз ҳаёти рӯзмарраи колхоз ҳар гуна видеои таҷрибавӣ ба навор гирифта, онро пахш мекарданд. “ТВ Ғӯлакандоз” солҳои 1990 — 1994 бо таҳияи лавҳаю роликҳои ҳаваскорона аз ҳаёти пахтакорони колхоз, ки то чандин сол 32 ҳазор тонна пахта додаанд, машғул мешавад.  Он вақт телевизион расман номнавис нашуда буд. Баъди соли 1994 расман телевизиони “ТВ Ғӯлакандоз” ташкил ёфт. Он замон телевиизион рамзи худро надошт. Дар болои миз ба як коғазча “ТВ Ғӯлакандоз” навишта мемонданду халос.

Соли 1998 “ТВ Ғӯлакандоз” расман иҷозатнома ба даст овард.

Навори «Смуглянка»

Навори Хема Малини аз Тоҷикистон

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия мусодираи криптоасъорро қонунӣ кард

Думаи давлатӣ лоиҳаеро қабул кард, ки мусодираи криптоасъорро танзим мекунад. Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаеро қабул намуд, ки тартиби...

Роскосмос: Русия аввалин Нерӯгоҳи барқии атомиро дар Моҳ месозад

"Роскосмос": Русия аввалин Нерӯгоҳи барқии атомиро дар Моҳ месозад ва Зуҳраро таҳқиқ мекунад. Ба иттилои kommersant рӯйхати вазифаҳои "Роскосмос" аз...

Чораҳои маъмурӣ нисбат ба «Бобои Қанд»

"Парвиз ТВ" тариқи шабакаи иҷтимоии instagram хабар дод, ки Маҳмад Пирназарови 64-сола мулаққаб бо "Бобои Қанд" аз ҷониби кормандони...

Мехоҳед дар Амрико забони тоҷикӣ дарс диҳед?

Барномаи Фулбрайт омӯзгорони забони хориҷиро ба Амрико даъват мекунад. Омӯзгоронии ҷавони забони англисӣ ё мутахассисони донишгоҳ аз Тоҷикистон метавонанд...
spot_imgspot_img

Шаҳрвандони Эрон то 30 рӯз метавонанд бидуни сабт дар мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон бимонанд

Акнун шаҳрвандони Эрон то 30 рӯз метавонанд бидуни сабт дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвари мо бимонанд. Шурӯъ...

Павел Дуров: аз телефони мобилӣ истифода намебарам

Павел Дуров Бунёдгузори Telegram дар як мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон гуфтааст, аз телефони мобилӣ истифода намебарад, зеро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад