НАВИДБеларус макони Бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ дар соли 2023

Беларус макони Бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ дар соли 2023

-

Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Беларусро макони баргузории Бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ дар соли 2023 таъин кардааст. Дар ин бора хабаргузории БелТА иттилоъ медиҳад. Макони баргузории Бозиҳои III дар соли 2025 Озарбойҷон хоҳад буд.

Дар ҷаласаи шӯро, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, намояндагони Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат намудаанд. Онҳо ҳамкориҳо дар соҳи варзишро баррасӣ намуда, аз ҷумла, гузаронидани чемпионат ва ҷоми ИДМ дар баъзе навъҳои варзишро муҳокима кардаанд. Феълан дар кишварҳои ИДМ таҷрибаи баргузории мусобиқоти варзишӣ таҳти сарпарастии Иттиҳод мавҷуд аст, аммо тартиби ягонаи додани ҳуқуқи баргузории чунин мусобиқаҳо, талабот барои ташкилкунандагон ва шартҳои он вуҷуд надорад.

«Дар ҷаласаи Шӯро ба гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории бозиҳо супориш дода шуд, ки кишварҳои ИДМ то 1-уми июни соли 2022 лоиҳаи низомнома дар бораи чемпионатҳо ва ҷомҳои ИДМ аз рӯи намудҳои варзишро таҳия кунанд.»,-иттилоъ додааст хабари хадамоти матбуоти Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои ИДМ.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри имсол дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи бозиҳо ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад