СУХАНВАРӢБалоғат расоии каломи сухангӯ

Балоғат расоии каломи сухангӯ

-

Балоғат (ар. بلاغة‎ — балиғ, фасеҳ) — аз ҷузъҳои фунуни ада­бӣ буда, саҳеҳии услуби суханро тақозо дорад.

Дар истилоҳи маонӣ ва баён балоғат расоии калому чиразабонии мутакаллим мебошад. Аркони балоғат аз ифодаҳову мафҳум­ҳои асосии илмҳои маонӣ ва баён иборатанд. Шамси Қайси Розӣ мафҳуми балоғатро чунин шарҳ додааст: «Маънии балоғат он аст, ки он чи дар замир бошад, ба лафзе андак, бе он ки ба тамоми маънии он ихлоле роҳ ёбад, баён кунад ва дар он чи ба басти сухан эҳтиёҷ афтад, аз қадри ҳоҷат дарнагузоранд ва ба ҳадди малол нарасонад».

Зуҳури балоғат дар сухан ба се маврид вобаста аст: 1) эъҷоз, яъне лафзи андаку маънии фаровон; 2) мусовот, яъне баробарии лафзу маънӣ; 3) баст, яъне бо шарҳи зиёду чанд ваҷҳ гуфтани маънӣ. Дар балоғат шарти асосӣ аз заъфи таълиф холӣ ва ба зеҳни шунаванда наздик будани сухан аст. Балоғат ба маънии сухан дахл дошта, барои ҳамин «маънии балеғу лафзи фасеҳ» мегӯянд. Муаллифи китоби «Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн» Шам­суддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ балоғатро дар шакли муфассалтар шарҳ дода, менависад: «Балоғат иборат аст аз булуғи мутакаллим дар таъдия ва идроки маонӣ ба ҳадде, ки хавоси тарокибро ба анвои ташбеҳу маҷоз ва киноят, чунонки ҳаққи он бувад, адо намояд ё истифо тавонад намуд».

Аз рукнҳои балоғат, илова ба шартҳои боло, таъкид, исобат, ҳифз, фасл ва васлро ҳам ном бурдан мумкин аст. Таъкид барои тақвияту тақрири маънӣ зарур аст. Исо­бат дурустию саҳеҳӣ дар истифодаи ташбеҳу тамсил аст. Ҳифз риояи шартҳои тақдиму таъхир аст, ки аз рукнҳои илми маонӣ мебошанд. Фасл шароити ҷудо ва пайваст навиштани ҷумлаҳоро гӯянд. Дар ин ҷо назари асосӣ бояд ба атф, яъне рабти калимаҳо бошад. балоғат ду унсури асосӣ дорад: 1) ҳусни баёни ҳақиқат; 2)фасоҳати сухан ва идроки мақсади баёншуда. Маъмулан, ҳар ду унсурро бо зарбулмасали “ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ифода мекунанд. Дар ҷое як маънӣ муфассал баён шавад, дар ҷойи дигар бояд хеле мӯҷаз бошад ва дар ҷойи сеюм мумкин аст тамоман ҳазф шавад. Ҳадди ниҳоии балоғатро эъҷоз мегӯянд. Мутакаллимон роҷеъ ба балоғати Қуръон баррасии бисёреро анҷом додаанд. Ҳикоёти Саъдӣ, шеър­ҳои Ҳофиз ва осори дигар мутафаккирони форс-тоҷик бо балоғату салосати махсус иншо шудаанд. Калима, ибора, мафҳум ва истилоҳҳои дар онҳо истифодашуда аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба ҳадди камол расидаанд ва нуқтаи олии афкори маънавии замонаро ифода мекунанд.

Балоғат / Х. Шарифов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад