СУХАНВАРӢCуханвар аз сухани ноошно қатъан ҳазар бояд кунад!

Cуханвар аз сухани ноошно қатъан ҳазар бояд кунад!

-

Давлатҳои қадим, аз қабили Хахоманишиҳо ва Сосониён системаи бо низоми сиёси, маъмурӣ, динӣ ва таълимӣ доштанд. Аз ин рӯ, нутқу суханварӣ дар мавзӯҳои сиёсӣ, низомӣ, давраҳои сиёсию иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ахлоқӣ эрод мешуданд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ қариб ҳамаи ин навъҳои суханвариро мушоҳида мекунем. Аз он ҷумла, шоир пандҳои Бузарҷмеҳри хакимро, ки дар дарбори подшоҳ ба шакли ваъз ироъа мешуданд, дар ҳафт фасл нақл кардааст. Фирдавсӣ ишораҳо ба сифати суханварӣ ва аз он ҷумла, ҳунари сафир ё фиристода ҳам дорад, аз ҷумла дар ин байт: Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад. Аҳли илму адаби гузашта қудрати суханро дар гуфтор ва нигориш ҳама вақт сутуда ва ситоиш кардаанд. Дар оғози маснавиҳо, Дар шеъри шоирон ва мавридҳои дигар аҳли илму адаб ҳунари суханвариро сутуда ва ҷойгоҳи ӯро хеле воло дида ва шоиронро амирони мулки сухан хондаанд. Шоирон шахсони махсуси қироатгари шеърро доштанд, ки онҳоро ровӣ мегуфтанд. Қариб ҳамаи донишмандон ҳунари комили суханварӣ доштанд, гӯяндагони қиссаҳо шоҳномахонон, достонпардозон, афсонагӯйҳо малакаи сухангӯй аз машқу таҷрибаи доимӣ ҳосил мегарданд. Мударрисони мадрасаҳо ҳунари махсуси суханпардозии касбӣ хатибон ва воизон тахассуси сухангӯй ва баъзе аз уламои калом маъракаороии ваъзро ихтисос доштанд, ки маҷлис хонда мешуданд. Анвои сухани форсиро дар асрҳои миёна Амир Хусрави Деҳлавӣ (1254-1325) дар китоби «Расоил-ул-эъҷчоз» («Эъҷози Хусравӣ») хуб тасниф кардааст, ки аз ҳашт навъи зерин иборат аст: Тариқи сухани машоихи суфия ибороти хоссаи эшонро дар баён меорад, ки аксаран маънои рамзӣ дорад. Намунаи беҳтарини сухани тасавуфиро дар «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирии Ғазнавӣ, «Таскират-ул-авлио»-и Шайх Аттор ва шеъри орифонаи Ҷалолиддини Румӣ дарёфтан мумкин аст. Тарзи сухани олимони роҳи ҳақ, ки намунаи он «Кимёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолист. Ин тарзи сухани кутуби динӣ ва каломӣ аст. 3.Тариқи мутарассилон, онҳое, ки насри мурсал менависанд. Сабки нависандагони номаҳои расмӣ, дигар ҳуҷҷатҳои маъмурӣ ба ҳамин гурӯҳ мансубанд. Ин корро муншиҳо ва котибони дарбор ба ҷо меоварданд ва аксари нависандагони асрҳои миёна аз ҷумлаи мардуми ҳамин касбу пеша буданд. Дар сухани онҳо «малоҳати лафзи арабиро бо дақоиқи пухтаи порсӣ чунин тахмир диҳанд, ки латофати тамом сиришта шавад». Китоби машҳури «Таърихи Байҳақӣ» (асри XI) оиди таърихи подшоҳони Ғазнави аз ҷониби марди фозил, дабири дарбори онҳо Абулфазли Байҳақӣ навишта шудааст. Муаллифи китоби «Калила ва Димна» (соли таълиф 1114) Абулмаолии Насруллоҳ низ аз котибонидарбори ғазнавиёни давраи охир буд. 4.Тариқаи сухани ҳукамо. Сухани ҳакимон, олимону донишмандон чуни наст, ки дар илмҳои илоҳӣ-табииӣ, риёзӣ бо меъёрҳои мантиқӣ ҷавҳари маъно зоҳир мекунанд. 5.Тариқаи музаккирон, воизону хатибон. Ин тариқа сода вар ангину ороста мебошад. 6.Тариқаи боҳафсон сухани устодони мадрасаро мегӯянд. Дар тариқа мударрис ҳамаи воситаҳоро кор мефармояд, вале роҳи асосй бо таҳлил кушодани таълимоти фанни мебошад. 7.Тариқи сухани авом, оммаи мардум, ки ҳама рӯза бидуни ороишу такаллуф дар истифода аст. Ин навъи сухан дар ҳар ҷо тамоили услубии ба худ хос дорад ва мавҷудияти лаҳҷа дар шаҳру ноҳия ва манотиқи гуногун аз ҳамин ҷост. Тариқаи асҳоби музоҳик, ки шакли сухани ҳиҷо гӯёну ҳаҷв гӯён аст ва мақсад хандонидани дигарон мебошад. Чунин касон аз муболиғаҳои кинояомез истифода мебаранд, то ки аҳли сӯҳбатро бо нишоту шодӣ барангезанд. Ҳазлу шӯхӣ вақте қабул меафтад, ки шунаванда онро ҳамчун ифодаи хислату завқи гӯянда бишносад ва қабул намояд. Амир Хусрав тамоилоти услубии сухани замони худро дуруст Таин кардааст. Тариқи сухани сӯфиён тариқи сухани китобҳои динй ва каломӣ, сухани рисолатии котибон, сухани илми ё тариқи ҳукамо суххани касони ба гуфтори шифоҳи одат дошта (хатибону воизон), тариқи сухани устодони мадрасаҳо, тариқи сухани омаи мардум бо асоси шевагии он сухани шӯхтабъону ҳаз гӯён сабкҳои асосии сухананд, ки имрӯз ҳам дар истифода мебошанд ва онҳоро ба истилоҳи кунуни услубҳои функ сионалӣ мегӯянд. Тариқи сухани матбуоти имрӯз услуби интишорёфтаи гуфтор аст, вале дар замони гузашта вай вуҷуд надошт. Сухани идора ва коргузорӣ низ аз тарзҳои маъмули сухани имрӯза мебошад. Сухани илмӣ барои ҳама соҳаҳои илму дониш умумият пайдо кардааст. Сухани адабии бадеӣ аз ҷониби амир Хусрав ба тариқи хос ҷудо нашудааст, вале дар замони мо каломи бадеъ аз анвои маъруфи услуби маҳсуб шудааст. Суханварӣ шартҳои зарурии моддӣ ё зоҳирӣ ва маънавӣ дорад. Вай пеш аз шурӯъ ба суханронӣ ба Сару либос ва зоҳири худ эътибор медиҳад. Тарзи истодани ӯ бояд оддӣ, дастҳо овезон, қиёфа хоксорона ва бидуни даъвоҳо бошад, бо либосу дастҳо ё чизе дигар бозӣ накунад, фақат ба як нуқта нанигарад ва дар гуфтораш калимаю таркиби такрорӣ набошад, чунон ки баъзе касон, «яъне», «масалан», «ҳа»-ро барои таъкид истифода мебаранд. Садои суханвар як навохт набошад, ки шунавандаро хаста мегардонад. Ишора ва ҳаракати даст барои тасдиқи ё инкори масоил бояд аз андоза нагузарад, онҳо кори фаҳмонданро осон мекунанд, каломро беҳтар ба дилу рӯҳияи шунаванда мерасонанд. Пастию баландии овоз низ аз шароити мусоиди суханварӣ мебошад. Суханвар аз ваҷҳе ба бозигари саҳна монанд аст, ӯ ҳамаи фаҳму дониш, қалбу равону эҳсосот ва ҳаракоташро ба хотири маърифатталабӣ сарф менамояд. Вай донишу таҷрибаи худро баҳри қонеъ гардонидан тасхир ва аз роҳи қалбу ҳуш пазирӯфтани даъвои илми, сиёсию иҷтимой ва фарҳангиаш сарф менамояд. Суханвар бояд аз руҳиёти шунавандагон огоҳ бошад, то битавонад ба аъмоқи дили онҳо таъсир расонида бошад. Асоси эътимод ба суханвар ҷанбаи донишу маърифати ӯст, ки заминаи эҳтиром нисбат ба ба шахсияташ буда метавонад. Бинобар ин, суханварӣ набояд василаи худнамоӣ, суди моддӣ ё бартарихоҳиҳои дигар гардад, зеро, дар ин ҳолат эътибори ӯ мешиканад ва суханаш бе таъсир мемонад. Каси тобеи ҳавову ҳаваси худӣ наметавонад, ки дигаронро ба роҳи иршоду ҷавонмардӣ ва ҳиммати воло даъват намояд. Нотиқ бояд мазҳари покӣ ва бериёӣ дар кору касби худ бошад. Вақте суханвар аз ҷону дил сухан мегӯяд ва андешаи ҷӯёи ҳақоиқ дорад, ба ҳангоми сухан паҳлуҳои нодида ва ношинохтаи онҳоро барои худ кашф менамояд. Имом Фахриддини Розӣ донишманди маъруфи асри XII хатиб ва суханвари тавоное буд. Боре дар ҳангоми дарс ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешавад, толибилмон сабаби онро пурсиданд, дар посух гуфт: «Сӣ сол буд ба масъалае эътиқод доштам ва онро дуруст мепиндоштам. Инак, бо бурҳон акси он собит мешавад. Метарсам мабодо ҳамаи чизҳоеро, ки инак саҳеҳ медонам, рӯзе хилофи он собит шавад ва ман муаллими матолиби ғалат муаррифӣ шавам». Чанд шарти зерин барои суханвар низ лозим аст, ки риоя карда шаванд: Ба ягон мақсад гуфтори дигаронро ба нафъи худ тағйир додан лозим нест. Он чӣ ба шунаванда тавсия мешавад, бояд бо ниёзҳои ӯ мувофиқ биёяд. Вақти сухан гуфтан аз мавзӯҳои барои суханвар ноошно қатъан барҳазар бояд буд. Сухан бояд аз айбҷӯӣ холӣ бошад ва ба ин хотир афкору сухани дигаре рад карда нашавад. Дар сурати истифода аз Сухану нукоти дигарон зикри манбаъ бояд дақиқ ва маълум бошад. Ба мавзӯи мавриди баҳс бояд алоқамандӣ, эътиқоду боварӣ ва камоли огаҳӣ дошта бошад. Аз ифодаи эҳсосоти сохта, вақте мавзӯъ дар дилу ҷони гӯянда таъсир надорад, низ эҳтироз бояд кард. Аз ихтисори аз ҳад зиёди матлаб низ худдорӣ кардан лозим аст. Дар сурати итмоми матлаб ба мавзӯи дигар гузаштан лозим нест, зеро, вай кайфияти ҳосилшударо мекоҳонад ва баҳси тоза нотамом мемонад. Риояи ҳусни сухан, қоидаҳои дастурӣ [грамматики] – и забон, осонии талаффӯз, ороиши сухан бо зебоиҳои бадеӣ дар маҷмӯъ аз шартҳои суханварӣ мебошанд. Сухан ифодаи шахсияти гӯянда аз назари дониш, мантиқ, огоҳӣ дар қавоиди забону луғат ва бадеият мебошад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Шайх Саъдӣ дар сухан айбу ҳунари мард ошкор мегардад:
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Сухан дар се навъ гуфта мешавад: Сухани содда, ки бидуни ороиш ва танҳо барои огоҳии дигарон гуфта мешавад ва вазифаи хабар доданро дорад. Сухани сода печидагӣ надорад, сода ва фаҳмо гуфта мешавад.Сухани ороста, ки ба нияти таъсир ва рўҳия ва қалби шунаванда гуфта мешавад ва муассиру дилпазир аст. Сухани асарҳои адабии бадеӣ аз ҷумлаи ин навъ ба ҳисоб меояд. Сухани воло ва ҳамосӣ, кибарои барангехтани эҳсосот ва ба ҳаяҷон овардани шунавандагон эрод мешавад. Каси моил ба суханварӣ бо дигар суханварон ширкат варзад, сабки сухангӯёни гуногунро биёмӯзад ва худ ба мақоми авсат (миёна) –и суханварӣ бирасад. Сухангӯӣ бояд чанд мавзӯро пешакӣ дар зеҳни худ парварида бошад аз масоли адабӣ, иҷтимоӣ , динӣ , ахлоқӣ, сиёсӣ ва ғайра, то ки ба муқтазои ҳол ба яке аз онҳо муроҷиат намуда бошад.

https://allinweb.ru/sukhanvari/808/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Анҷоми аввалин бозии санҷишӣ

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Туркия нахустин бозии санҷишии хешро анҷом...

Рақибони мунтахаби наврасон дар бозиҳои санҷишӣ киҳоянд?

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия муайян шуданд. Имрӯз, 15-уми январ...

Рунет ба мушкили бузурги фаннӣ дучор шудааст

Рунет- сегменти русии интернет  ба мушкили бузурги техникӣ рӯ ба рӯ шудааст.  Аммо "Ростелеком" гуфтааст, ки ин мушкил ба онҳо...

Ҳабиб Нурмагомедов аз ҳавопаймо берун карда шуд

Ҳабиб Нурмагомедов (Нурмуҳаммадов), қаҳрамони собиқи UFC аз ҳавопаймо берун карда шуд. Ӯ дар саҳифаи худ дар инстаграм нигаронӣ кард, ки...
spot_imgspot_img

Имкониятҳои бешумори зеҳни сунъӣ. Ҷавонони тоҷик аз он чӣ гуна истифода мекунанд?

Рушди босуръати зеҳни сунъӣ (AI) ба ҷавонон имкониятҳои бешумор медиҳад, ки барои рушди шахсӣ ва касбӣ метавонанд истифода кунанд....

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо бонувони Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон рӯзҳои ФИФА-и моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад....
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад