МУВАФФАҚИЯТФилми донишҷӯ соҳиби 3 ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Филми донишҷӯ соҳиби 3 ҷоизаи байналмилалӣ шуд

-

Пайрав Шарифов

Филми коргардони ҷавони тоҷик Пайрав Шарифов бо номи “Хирсҳо” соҳиби се ҷоизаи байналмилалӣ гардид ва 17 декабр дар Канада намоиш дода мешавад.
Пайрав хатмкардаи мактаби синамогарони ҷавони назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, айни ҳол донишҷӯи соли 4-уми бахши коргардонии Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санк – Петербург аст.

Филми “Хирсҳо” дар бораи зиндагии чандрӯзаи пирамард ва наберааш дар ҷангал нақл мекунад. Пирамард зодаи даврони шуравӣ ва наберааш зодаи замони истиқлол буда, дар филм тафовути андешаву ҷаҳонбинии онҳо нишон дода мешавад. Филм дар шаҳри Санк – Петербург ба навор гирифта шудааст.

 

 

“Сенарияи филм қисман аз ҳаёти воқеии худам аст. Воқеаеро ки чанд сол қабл бо худам рух дода буд, бо якчанд ҳаводису саҳнаҳои дигар якҷо намуда, филмномаро таҳия кардам. Раванди сабти филм хеле мушкил буд, чунки ҳамаи саҳнаҳои филм дар берун сабт мешуданд ва сардии ҳаво ба мо мушкилӣ пеш меовард. Инчунин яке аз қаҳрамонҳои филм кӯдак буд ва ҳангоми сабт дар ҷангал ба хунуки тоб намеоварду зуд хаста мешуд. Ҳатто мошинеро, ки барои филм истифода мебурдем, вайрон шуда, корамонро ба таъхир мегузошт. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мо дар муддати 6 моҳ филмро ба навор гирифта, нахустин бор 30-юми сентябр дар донишкада ба намоиш гузоштем.” – мегӯяд Пайрав Шарифов, муаллифи филм.

Пайрав бо қаҳрамони асосии филм

Филми “Хирсҳо” барои иштирок дар чандин фестивалҳои байналмилӣ пешниҳод шуда, соҳиби якчанд ҷоиза низ гардидааст. Филм ба 2-юмин кинофестивали байналмилалии “DREAMER”, ки аз 2 то 4-уми ноябр дар Қазоқистон баргузор гардид, пешниҳод шуд ва соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”  гардид.

“Интизор набудем, ки филм соҳиби ҷоиза мешавад ва ҳадафи мо низ танҳо иштирок дар фестивал буд. Баъд аз ҷоизаи нахустин мо филмро ба дигар фестивалҳо пешниҳод намудем. Бори дуввум филми “Хирсҳо” дар 5-умин кинофестивали байналмилалии “ZILANT”, ки 5-6 моҳи ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуда дар номинатсияи “Беҳтарин филми донишҷӯ” соҳиби ҷоиза  гардид.

Яке аз қаҳрамонони асосии филм

Бо ин тартиб, бори сеюм филмро ба 2-юмин кинофестивали “Best Istanbul Film Festival”, ки дар Туркия баргузор гардид, пешниҳод намудем. Хушбахтона, дар ин ҷо ҳам филм соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин коргардон – донишҷӯ” шуд.”, — мегуяд Пайрав Шарифов, муаллифи филм.

Айни ҳол филми “Хирсҳо” барои иштирок дар кинофестивали байналмилалии “8th Toronto Independent film Festival of Cift” пазируфта шуд. Фестивали мазкур 17-уми декабр дар Канада баргузор мегардад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад